Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИҚТИСОДӢ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАНД


НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИҚТИСОДӢ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАНД




Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фаррух Набизода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар ноҳия нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ бо тамоюли мусбат рушд намудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11,1 миллион сомонӣ ва ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 803,3 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 12 ҳазору 992 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, аз ин 5946 гектар ба кишти пахта рост меояд.

Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуд, ки дар натиҷаи пурзур гардидани корҳои пешгирикунанда ва ҳамоҳангии сохторҳои дахлдор вазъи тартиботи ҷамъиятӣ беҳтар гардидааст. Ба иттилои ӯ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 94 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолат кам мебошад. Ба гуфтаи масъулон, ин нишондиҳанда аз самаранокии тадбирҳои андешидашуда дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ шаҳодат медиҳад.

Фаррух Набизода рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии ноҳия арзёбӣ намуда, гуфт, ки имрӯз дар ноҳия 6739 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 556 субъект шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, 4665 хоҷагии деҳқонӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ фаъолият дошта, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ корҳои ободониву созандагӣ низ вусъат гирифта, дар шаҳраку деҳоти ноҳия даҳҳо километр роҳҳо сангфаршу мумфарш карда шуданд. Ҳаҷми корҳои сохтмону васлкунӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 45,8 миллион сомонӣ расида, нисбат ба шаш моҳи соли 2025 10,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Таъкид гардид, ки чунин нишондиҳандаҳо аз иштироки фаъоли соҳибкорон ва аҳолӣ дар ободонии маҳал ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Умарҷон Тошматов,
«ХАТЛОН»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода