Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ Ҷ. БАЛХӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД


КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ Ҷ. БАЛХӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД




Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия Холиқзода Рустам оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод.

"Қисми даромади буҷети ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 74,8 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 1,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад", - афзуд Холиқзода Рустам.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 31 миллиону 173 ҳазору 110 сомонӣ маблағҳои мақсаднок ва аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон 30 миллиону 731 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, 97 фоиз иҷро шуда, нақшаи шашмоҳаи соли 2026 дар ҳаҷми 145 миллиону 518 ҳазору 814 сомонӣ муқаррар гардидааст. Аз ҳисоби буҷет 141 миллиону 552 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Раиси ноҳия зимни баромади худ таъкид намуд, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзии вилояти Хатлон дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди иқтисоди минтақа саҳми назаррас дорад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 1 миллиарду 267 миллиону 141 ҳазору 100 сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 149 миллиону 610 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июни соли 2026 дар ноҳия шумораи андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ 768 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 4 ҳазору 953 ададро ташкил медиҳад.

Холиқзода Рустам, раиси ноҳия иттилоъ дод, ки яке аз самтҳои назарраси фаъолияти ноҳия корҳои сохтмонӣ ва бунёди иншооти таъиноташон гуногун мебошад. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия бунёди 340 бинову иншооти соҳаҳои гуногун пешбинӣ гардида буд. То имрӯз ин нишондиҳанда аз нақша гузашта, 369 бинову иншоот сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бунёди иншооти соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш, саноат, кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
Комрони Бахтиёр,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода