ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА 1,2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 53
![]()
Дар доираи нишасти матбуотии ҷамъбастии нимсолаи якуми соли 2026 раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия корҳои назаррас анҷом ёфта, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия дар нимсолаи аввал 1,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки 107,4 дарсади нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 781,4 миллион сомонӣ ва чорвопарварӣ 433,1 миллион сомониро ташкил додааст.
Масоҳати умумии кишти зироатҳо 35 ҳазору 180 гектарро дар бар мегирад. Ба ҳолати 1 июли соли 2026 ҷамъоварии зироатҳои ғалладона дар майдони 24 ҳазору 328 гектар амалӣ гардид. Ҳамзамон, кишти пахта дар майдони 5300 гектар ба роҳ монда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 70 гектар зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 642,2 миллион сомониро ташкил дода, шумораи корхонаҳои саноатӣ 55 ададро ташкил медиҳад, илова кард раиси ноҳия.
Ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру таҷдиди 165 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, 615 адад (372,7%) ба истифода дода шуд. Сохтмони беш аз 100 иншооти дигар то охири соли 2026 ба истифода дода мешавад.
Умарҷон ТОШМАТОВ,
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...