Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 350,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ МАБЛАҒИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ШАШ МОҲ ҶАМЪОВАРӢ ШУД


350,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ МАБЛАҒИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ШАШ МОҲ ҶАМЪОВАРӢ ШУД



Дар шаш моҳи аввали соли 2026 маблағи пардохтшудаи истифодаи неруи барқ 350 миллиону 831 ҳазор сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 миллиону 364 ҳазор сомонӣ ё 42,3 фоиз зиёд гардидааст. Ин нишондиҳанда 93,44 фоизи маблағи ҳисобшудаи неруи барқро ташкил медиҳад.

Тавре роҳбари филиал Ҷалолиддин Камолзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ аз аҳолӣ ба 208 миллиону 262 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86 миллиону 196 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда 92,28 фоизи маблағи ҳисобшудаи неруи барқи аҳолиро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи ҳисобшуда ба сари ҳар як муштарии маишӣ 770,8 сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 239 сомонӣ зиёд шудааст. Маблағи пардохтшуда ба ҳисоби миёна ба сари ҳар як муштарии маишӣ дар шаш моҳ 712,9 сомонӣ ва дар як моҳ 118,5 сомонӣ рост омадааст.

Ҷалолиддин Камолзода ҳамчунин зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ қарзи дебитории умумӣ 38 миллиону 971 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, ба ҳолати 1 июли соли 2026 ба 665 миллиону 861 ҳазор сомонӣ расидааст. Аз ин маблағ, қарзи дебитории аҳолӣ 240 миллиону 483 ҳазор сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 17 миллиону 165 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Ба иттилои роҳбари филиал, дар ин давра 1795 санади ҳисоббаробаркунӣ ва қоидавайронкунӣ ба маблағи умумии 10 миллиону 100 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 5 миллиону 795 ҳазор сомонӣ ё 57,4 фоиз ҷамъоварӣ гардидааст.
Ҷалолиддин Камолзода сабаби асосии пурра ҷамъоварӣ нашудани маблағи истифодаи неруи барқро номувофиқии рақамҳои заводӣ ва нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқӣ бо маълумоти барнома арзёбӣ намуда, гуфт, ки ин ҳолат муайян намудани қарзи воқеии бархе аз муштариёнро мушкил мегардонад.

Набиҷони Саидаброр, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода