ДАР НАЗДИ ДОНИШГОҲ СЕ ЛИТСЕЙИ ИННОВАТСИОНӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 47
![]()
Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Шаҳриёр Саъдуллозода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим истифодаи технологияҳои муосир, платформаҳои рақамӣ ва усулҳои инноватсионии омӯзиш густариш ёфта, ҳамзамон корҳои муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо, такмили озмоишгоҳҳо ва рушди инфрасохтори таълимӣ идома доранд.
Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки барои соли таҳсили 2026-2027 аз рӯи натиҷаҳои тақсимоти довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ 738 нафар довталаб роҳхат гирифтанд. Ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Ҳамзамон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №81 аз 26 феврали соли 2026 дар назди Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон шабакаи литсейҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шуд. Дар доираи ин қарор се муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ - Литсейи инноватсия ва технологияҳои рақамии шаҳри Кӯлоб, Литсейи инноватсия ва технологияҳои рақамии №1-и шаҳри Душанбе ва Литсейи инноватсия ва технологияҳои рақамии №2-и шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуданд. Зикр гардид, ки таъсиси чунин муассисаҳо ҷиҳати омода намудани хонандагони соҳибдониш дар самти технологияҳои рақамӣ ва рушди низоми муосири таҳсилот равона гардида, дар оянда кушодани литсейҳои шабеҳ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ба нақша гирифта шудааст, афзуд Саъдуллозода.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...