Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 225 ДОНИШҶӮИ ХОРИҶӢ ДАР ДДД ТАҲСИЛ МЕКУНАНД


225 ДОНИШҶӮИ ХОРИҶӢ ДАР ДДД ТАҲСИЛ МЕКУНАНД



Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, тарбия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии роҳбарияти донишгоҳ иттилоъ дода шуд.

Тавре зикр гардид, соли ҷорӣ 1708 нафар донишҷӯ донишгоҳро хатм намуда, аз ин шумора 18 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида сифати таҳсил беҳтар шуда, нишондиҳандаҳои сессияҳои зимистона ва тобистона нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтанд.

Дар самти илм низ дастовардҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд. Як нафар омӯзгор ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, панҷ нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, 11 китоби дарсӣ, 16 монография, 55 дастури методӣ, 25 воситаи таълимӣ ва зиёда аз 650 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ низ назаррас арзёбӣ гардид. Онҳо дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» ва олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шудаанд.

Дар бахши корҳои тарбиявӣ зиёда аз 70 чорабинии фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ баргузор гардида, беш аз ҳазор нафар донишҷӯ дар чорабиниҳои Наврӯзи байналмилалӣ ширкат варзидаанд. Барои дастгирии иҷтимоӣ ба 12 нафар ятими кулл ва 14 нафар донишҷӯи маъюб кумаки моддӣ расонида шудааст.

Тавре дар нишаст иттилоъ дода шуд, донишгоҳ ҳамкориҳои байналмилалии худро густариш дода, соли ҷорӣ бо шаш муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Айни замон дар донишгоҳ 225 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, ки аз болоравии нуфуз ва ҷолибияти муассиса дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Дар фарҷоми нишаст роҳбарияти донишгоҳ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух дода, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо таъкид намуд.

Алишери Абдулмаҷид,

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода