Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ШУРОИ РУШДИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД


ШУРОИ РУШДИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД



Дар ноҳияи Муъминобод ҷаласаи навбатии Шурои рушди маорифи вилояти Хатлон ва Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Дар он раиси Шурои рушди маорифи вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода аъзои шуро, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони шуъбаҳои маориф ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа вазъи соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, иҷрои супоришҳои қаблан додашуда, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди муассисаҳои томактабӣ, омодагии хонандагон ба Маркази миллии тестӣ, иштироки онҳо дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак масъалаҳои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия муҳокима гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба роҳбарони сохторҳои соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, иҷрои саривақтии супоришҳо ва боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилу тарбия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода