БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАХТАИ ҶДММ «ГАНҶИ ПАНҶ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 57
![]()
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти фаъолияти Корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Панҷ» боздид намуда, бо имкониятҳои истеҳсолӣ ва корҳои навсозии он аз наздик шинос шуданд.
Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар ҳудуди Парки технологии инноватсионӣ ҷойгир буда, соли 2025 тариқи маҷозӣ зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди истифода қарор гирифта буд.
Корхона дар деҳаи Панҷрӯди ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ воқеъ гардида, дар самти қабул, коркард ва омодасозии пахта фаъолият менамояд. Бо мақсади мутобиқ намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ба талаботи рӯз, соли ҷорӣ дар корхона корҳои навсозӣ анҷом дода шуда, барои ин мақсад 3,5 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Дар натиҷаи корҳои таҷдиду навсозӣ иқтидори истеҳсолии корхона афзоиш ёфта, айни замон он имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дар як сол дорад. Ин иқтидор барои қабули ҳосили пахтакорони ноҳияи Панҷ ва дигар ноҳияҳои ҳамсоя, баланд бардоштани сифати коркарди ашёи хом ва таъмини фаъолияти мунтазами корхона мусоидат хоҳад кард.
Зимни боздид Раиси вилояти Хатлон ба масъулини корхона ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими ҷамъоварии пахта, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба пахтакорон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, яке аз самтҳои муҳими сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар буда, таъсиси чунин корхонаҳо барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, баланд бардоштани арзиши иловагии ашёи хом ва рушди иқтисодиёти минтақа нақши муҳим доранд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...