Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №6 БОЗДИД НАМУДАНД


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №6 БОЗДИД НАМУДАНД



Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, воқеъ дар деҳаи Вахё, боздид намуда, бо рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардиданд.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил ва бартараф намудани норасоии синфхонаҳо пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, бинои иловагӣ аз ду ошёна ва 8 синфхона иборат буда, барои 384 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби саҳмгузории сокинони маҳаллӣ таъмин гардидааст.

Зимни боздид зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, то имрӯз сохтмони ошёнаи якум пурра ба анҷом расидааст. Айни ҳол сохтмончиён ба корҳои бунёди ошёнаи дуюм машғул буда, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода супоридани иншоот амалӣ мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон саҳми сокинони деҳаи Вахёро дар бунёди иншооти соҳаи маориф намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат мекунанд.

Ҳамзамон ба масъулони сохтмон ва роҳбарияти соҳаи маориф дастуру супориш дода шуд, ки зимни идомаи корҳои сохтмонӣ ба сифати корҳои иҷрошаванда, истифодаи масолеҳи ҷавобгӯ ба стандартҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани иншоот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бунёди бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас дар ноҳияи Панҷ ба шумор меравад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода