РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ МАЙДОНЧАИ МУОСИРИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 73
![]()
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Нӯри Вахш майдончаи нави варзишии футболро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни маросими ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки ин иншооти варзишӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Барои сохтмони майдонча беш аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Майдони варзишӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонон, рушди варзиши оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд гардида, акнун сокинони маҳаллӣ, бахусус наврасону ҷавонон, метавонанд дар шароити мувофиқ ба машғулиятҳои варзишӣ машғул шаванд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоотҳои иҷтимоӣ ва варзишӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дошта, барои баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Раиси вилояти Хатлон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки саҳмгузории соҳибкорон дар бунёди иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ намунаи равшани масъулияти иҷтимоӣ буда, дар ободонии маҳал ва рушди инфрасохтори деҳот нақши муассир мегузорад.
Ифтитоҳи майдончаи нави футбол барои рушди соҳаи варзиш дар ҷамоати деҳоти Нӯри Вахш заминаи мусоид фароҳам оварда, имкониятҳои бештари машғулиятҳои варзишӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногунро барои ҷавонон муҳайё месозад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН, Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...