Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар меҳвари ҳамоиши илмӣ дар Бохтар


«Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар меҳвари ҳамоиши илмӣ дар Бохтар



Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» - ташаббуси таърихии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сиёсатшиносон, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти соҳаҳои гуногуни вилояти Хатлон дидан намуда, бо имкониятҳои истеҳсолӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва навовариҳои муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолии вилоят шинос шуданд.
Сипас, дар толори фарҳангии донишгоҳ ҳамоиш оғоз гардида.  Нахуст, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар шароити ҷаҳони имрӯз барои таҳкими фарҳанги сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, бозгӯи нақши фаъоли Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои сулҳу субот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
 Гуфта шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи кишвари моро ҳамчун ҷонибдори сулҳ, субот, амният ва ҳамкории созанда муаррифӣ намудаанд. Таҳти роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон аз давраи бисёр душвори таърихӣ гузашта, пас аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ ба сӯи рушди устувор қадам гузошт. Дар натиҷаи ин сиёсати сулҳпарварона фазои оромиву ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар таҳким ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷонибдори сулҳ дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.
Қабули қатънома оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027–2036” аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ бозгӯи аҳаммияти ташаббусҳои сулҳпарваронаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин иқдом бори дигар исбот намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста ҷонибдори таҳкими сулҳу амният, ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошанд. Дастгирии чунин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ далели эътирофи саҳми Тоҷикистон дар пешбурди фарҳанги сулҳ ва таҳкими амният дар ҷаҳон аст.
Дар идомаи ҳамоиш олимон ва коршиносон дар маърӯзаҳои худ аз аҳамияти таърихии ин иқдоми байналмилалӣ ёдовар шуда, саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандорӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки ташаббуси мазкур метавонад заминаи мусоид барои густариши муколамаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои созанда ва тарғиби фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ гардад.
Иштирокчиёни ҳамоиш ташаббуси нави байналмилалии Тоҷикистонро идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ намуда, онро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу оянда дорои аҳамияти бузург донистанд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода