ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ- ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 301
![]()
Дар ин раванд фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон сол ба сол густариш ёфта, татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Тавре ки аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” хабар доданд, дар доираи нақшаи амал барои солҳои 2025-2027 соли 2025 ба ҷойи 500 ҳазор бех ниҳоли пешбинишуда дар вилоят зиёда аз 717 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд, ки 143,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соли 2026 низ натиҷаҳо назаррас буда, ба ҷойи 600 ҳазор бех ниҳоли нақшавӣ беш аз 742 ҳазор бех ниҳол шинонида шуда, иҷрои нақша ба 123,8 фоиз расид. Танҳо дар минтақаи Бохтар дар мавсими тирамоҳи соли 2025 ва баҳори соли2026 қариб488 ҳазор бех ниҳол ва зиёда аз 4,4 миллион бех гулу гулбутта шинонида шуд.
Бо мақсади таъмини минбаъдаи корҳои кабудизоркунӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят ниҳолхонаҳои замонавӣ таъсис дода мешаванд. Дар доираи лоиҳаи«Барқарорсозии устувори ландшафтҳо» зиёда аз 202 ҳазор бех навниҳол ройгон дастрас гардида, дар ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ёвон, Хуросон ва дигар шаҳру ноҳияҳо шинонида шуданд. Барои рушди ниҳолпарварӣ ҳамчунин техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳо, мотоблокҳо, дорупошакҳо ва насосҳои обкашонӣидастрас гардиданд.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар доираи сиёсати давлатии экологӣ тасмим ги-рифтааст, ки корҳои кабудизоркунӣ ва рушди ниҳолпарвариро боз ҳам вусъат бахшида, тирамоҳи соли 2026 дар ноҳияи Ҷайҳун ниҳолхонаи нав таъсис диҳад ва дар майдони 10 гектар талу теппаҳо ниҳолҳои писта ва хуч шинонад.
Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъоли мақомоти маҳаллӣ ва сокинон барои сабзу хуррам гардонидани Хатлон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ин иқдомҳо барои беҳтар шудани вазъи экологӣ, инчунин таъмини рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва ободу зебо гардидани диёри азизамон аҳамияти бузург доранд.
Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
26-01-2021, 14:00