Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН




Имрӯз, 18 июн, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сардори тозатаъйини Раёсати андози вилояти Хатлон Каримзода Зокир Каримро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот Раиси вилоят таъкид намуданд, ки мақомоти андоз дар таъмини рушди иқтисодиёт, ғанӣ гардонидани буҷет ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, аз роҳбарият ва кормандони соҳа масъулияти баланд, ташаббускорӣ ва фаъолияти самаранок талаб карда мешавад.

Давлаталӣ Саид ба роҳбари навтаъйин ҷиҳати иҷрои содиқона ва софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, риояи қонунгузорӣ, беҳтар намудани ҷамъоварии андозҳо ва тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла вазъи ҷамъоварии андозҳо, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуданд, ки роҳбари навтаъйин бо истифода аз дониш ва таҷрибаи касбии худ барои рушди соҳа, таъмини иҷрои нақшаҳои андоз ва пешрафти иқтисодии вилояти Хатлон саҳми арзанда мегузорад.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Зокир Карим аз вазифаи сардори нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи сардори Раёсати андози вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода