Хабари фаврии Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 86
![]()
17-уми июни соли 2026, тахминан соати 10:40 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд Крузер-200», рақами қайди давлатиаш 287 ТҶ, рангаш сафед, Муборакшоев Сино Меҳробшоевич бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар киллометри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор гардид.
Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад.
Муайян карда шуд, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо Рамазоншоевич, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.
Аз ҷойи ҳодиса як адад рақами қайди давлатии 287 ТҶ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт пайдо карда шуд.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Рахмоналӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00