Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ СОЗАНДАГӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар пойтахти мамлакат рӯзҳои 13 ва14 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардиданд.
Дар доираи ин чорабиниҳои фарҳангӣ сокинон ва меҳмонони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангии сокинони ин ду ноҳияи аграрии вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Қубодиён баргузор гардида, меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дидан намуданд. Ҳамзамон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Панҷ доир шуда, кишоварзону ҳунармандон ва кадбонуҳои ноҳия маҳсули меҳнату ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Иштирокчиёни ҳамоишҳо ба маҳорати ҳунармандон, сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва фарҳанги волои сокинони ҳар ду ноҳия баҳои баланд дода, чунин иқдомҳоро дар муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияҳои Панҷ ва Қубодиён ба истиқболи ҷашни35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бо суръати баланд идома доранд.
Тавре сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Панҷ Фазлиддин Саидов иброз дошт, дар ноҳия бунёди 232 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 216 адади он, ё 93 фоизи нақша, мавриди истифода қарор гирифтааст. Танҳо дар соҳаи маориф се муассисаи нави таҳсилоти умумӣ ва 79 синфхонаи иловагӣ барои1896 хонанда сохта, ба истифода дода шудаанд.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Қубодиён Умедҷон Давлатализода низ иттилоъ дод, ки аз 171 иншооти ба нақша гирифташуда аллакай 152 адад мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд ва онҳо то таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки чунин корҳои ободонӣ натиҷаи саҳми арзишманди сокинон ва соҳибкорон буда, ҳатто дар деҳаҳои дурдаст низ мардум бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободии маҳалли зисти худ фаъолона иштирок ме-намоянд.
Ноҳияҳои Панҷ ва Қубодиён аз минтақаҳои муҳимми кишоварзии вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд. Ноҳияи Панҷ беш аз 124 ҳазор нафар аҳолӣ дошта, сокинони он асосан ба кишоварзиву чорводорӣ машғул мебошанд. Бо истифода аз таҷрибаи пешқадам деҳқонони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва афзоиши
содироти маҳсулоти кишоварзӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ноҳияи Қубодиён бошад, зиёда аз 195 ҳазор нафар аҳолӣ дошта, дар беш аз се ҳазор хоҷагии деҳқонӣ парвариши навъҳои гуногуни зироат роҳандозӣ гардидааст. Кишоварзони ноҳия ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда, маҳсулоти босифати худро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод менамоянд.
Дар баробари рушди кишоварзӣ, дар ноҳияи Қубодиён соҳаи саноат низ босуръат рушд мекунад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минтақаи саноатӣ таъсис додат шудааст, ки дар он37 соҳибкори маҳаллӣ фаъолият намуда, бозори ноҳияро бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин мекунанд.
Зимни баргузории Рӯзи фарҳанги ноҳияи Қубодиён инчунин мавзеъҳои таърихии ноҳия, аз ҷумла Қалъаи Мир, Тахти Сангин, Тахти Қубод, Шоҳтеппа ва дигар ёдгориҳои бостонӣ муаррифӣ гардида, ба меҳмонон дар бораи имкониятҳои сайёҳии ноҳия маълумот пешниҳод шуд. Ҳамзамон намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, оҳангарӣ, гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ эҳё ва рушд ёфтаанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Панҷ ва Қубодиён дар шаҳри Душанбе боз як имконияти муносиб фароҳам овард, то дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ин ду ноҳияи вилояти Хатлон ба сокинону меҳмонони пойтахт муаррифӣ гардида, анъанаҳои неки миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва заҳмати созандаи мардуми ноҳияҳо бештар тарғиб карда шаванд.
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
