РИЁЗИДОНИ МАЪРУФИ ТОҶИК МУҲАММАДАМИНИ МУЪМИНОБОДӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 112
![]()
Нахустпойтахти миллии тоҷикон- Бухорои шариф дар таърихи тамаддуни башарӣ мавқеи хос дорад. Дар асрҳои миёна, аз замони гулгулшукуфии илму фарҳанги тоҷикон(ба истилоҳ Эҳёи Тоҷик) сар карда, то охирҳои асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар Бухоро донишмандони соҳаҳои гуногун(риёзидонон, ҳайатшиносон, табибон, табиатшиносон(физикон), кимиёшиносон ва ғ.) аз ҳар гӯшаву канори Мовароуннаҳру Хуросон ҷамъ меомаданд.
Ин як амри табиист, ки донишмандону донишандӯзон ва умуман ошиқону ташнагони дарёи илму маърифат дар ҳама давру замон одатан ба маркази тамаддуни вақти хеш ҷамъ мешуданд. Масалан, замоне буд, ки риёзидонону хаатшиносони тоҷик чун Абу Маҳмуди Хуҷандӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарҳо аз ватани аслии хеш-Хуҷанд, Фарғона, Хоразм, Марв, Бухоро, Самарқанд ва ғ. ба Багдод, ки маркази илми замонашон ба шумор мерафт, мерафтанд.
Муҳаммадамин ибни Убайдуллоҳ ал-Муъминободӣ ал-Бухорӣ(соли таваллуд ва вафоташ номаълум), риёзидон, фақеҳ ва му-дарриси асри XVI тоҷик, дар Муъминободи Хатлонзамин дида ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст. Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъдан барои такмили дониш ба Бухоро меравад. Муҳаммадамини Муъминободӣ дар Бухоро шуҳрати хосеро касб карда, дар мадрасаҳои Бухоро ва Балх мударрисӣ кардааст. Рисолаҳои риёзии Муҳаммадамини Муъминободӣ дар мадрасаҳои замонааш дар радифи дигар фунуни расмӣ(фиқҳ, шарҳ, тафсир ва ғайра) барои донистан ва тарзи тақсими мерос тадрис мешудааст.
Муҳаммадамини Муъминободӣ яке аз намояндагони барҷастаи илму фарҳанги асри 16 тоҷик буда, осори зиёде аз худ боқӣ гузоштааст, ки баъзе аз онҳо ҳанӯз дар замони зиндагиаш тадрис мешудаанд. Муҳаммадамини Муъминободӣ ба ғайр аз забони модариаш - тоҷикӣ, инчунин ба забони арабӣ таълифот дорад.
Асарҳои зерин намунаи осори маҳфузмондаи ӯ мебошанд: «Ҷавоҳир-ул-фароиз» (асари риёзӣ ва ҳуқуқӣ ба забони арабӣ), «Шарҳи Фароиз-ус-сироҷия» (асари риёзӣ ба забони тоҷикӣ), «Рисола дар боби амали ҳисоби шабака» (асари риёзӣ ба забони тоҷикӣ), «Аъмоли ҳисоби шабака» (асари риёзӣ ба забони тоҷикӣ).
Намунаи рисолаҳои Муҳаммадамини Муъминободӣ дар ганҷинаҳои Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фир-давсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии ба номи Абурайҳон Берунии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Федератсияи Русия нигоҳ дошта мешаванд.
Аз эҳтимол дур нест, ки як зумра донишмандоне, ки дар Бухоро фаъолият доштанду бо насаби Бухорӣ шинохта мешуданд, асли баромадашон аз қисмати Бухорои Шарқӣ- Хатлон, Файзобод, Ғарм ва ҳатто аз Бадахшон бошад.
Масалан, дар замони мо низ донишмандон ва хусусан шоирону нависандагони зиёде дар насабашон ё тахаллусашон на номи зодгоҳи кӯчаки худ(деҳа ва ё ноҳия), балки бо номи бузургшаҳрҳои наздики зодгоҳашон худро муаррифӣ мекунанд. Муҳаммадамин ибни Убайдуллоҳи Муъминободӣ низ ҳарчанд, хушбахтона, зодгоҳашро ёд кардааст, худро бо насаби Бухорӣ ва ал-Бухорӣ муаррифӣ намудааст. Албатта, Бухоро низ ватани ӯ ва мис-ли вай ватани ҳамаи олимону шоирони тоҷик буд ва ҳатто пойтахти таърихиашон буд. Аз ин рӯ, ҳар тоҷики он давра ва ҳатто замони мо ки аслан аз музофоти Бухоро(ба монанди шаҳрҳои Когону Навоии имрӯза) бошанд, бо лақаби Бухорӣ ё Бухороӣ шиносоанд.
Абдулҳай КОМИЛӢ,
доктори илмҳои физикаю математика, профессор
-
18-06-2025, 10:18
АбулАббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ (797, Кубо, Фарғона - 865, Қоҳира, Миср) аз...
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
7-06-2025, 12:10
Ҷойи баҳс нест, ки осори бузургони илму адаб мутааллиқ ба кулли миллатҳост, аммо мансубияти...