Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД


МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД




Оила  пойдевори  асосии  ҷомеа ва нахустин мактаби тарбияи инсон аст. Дар низоми давлатдории муосири Тоҷикистон, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи таълиму тарбияи  насли  наврас  дар  мақоми аввал  меистад.  Сарвари  давлат барҳақ  таъкид  мекунанд: «Тарбияи фарзанди  солеҳ,  ватандӯсту  хештаншинос  ва  дорои  ахлоқи  ҳамида вазифаи  муқаддаси  падару  модар аст». Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ, масъулияти  падару  модар  танҳо вазифаи  суннатӣ  ё  ахлоқӣ  набуда, уҳдадории қонуние мебошад, ки бо Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  масъулият  барои  дар  таълиму тарбияи кӯдак» ба танзим дароварда  шудааст.  Ин  қонун,  ки  бо тақозои замон ва бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ қабул гардидааст, волидонро вазифадор мекунад, ки барои рушди ҳамаҷонибаи фарзандон шароити мусоид фароҳам оранд.

Мувофиқи  қонунгузории  ҷорӣ,  падару  модар вазифадоранд, ки ба фарзандони худ имконияти гирифтани таҳсилоти миёнаи умумиро
таъмин кунанд, онҳоро аз таъсири омилҳои ха-тарноки иҷтимоӣ ҳифз намоянд ва дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия кунанд.

Ҳамчун  намояндаи  мақомоти  суди  ҳарбӣ,  ки  ҳамарӯза  бо  масъалаҳои  риояи  қонуният ва  тартиботи  ҳуқуқӣ  сарукор  дорам,  метавонам бо итминон гӯям, ки заминаи ҳар як ама-ли ҷавонмардӣ, қонунпазирӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии сарбозону афсарони мо маҳз аз оила ва тарбияи дурусти волидон сарчашма мегирад. Агар дар оила ба кӯдак эҳтироми қонун, калонсолон ва муқаддасоти миллӣ омӯзонида шавад, он фарзанд дар оянда ҳеҷ гоҳ даст ба ҳуқуқвайронкунӣ намезанад ва ҳамчун ҳимоятгари содиқи Ватан ба воя мерасад.

Тарбияи фарзанд ду ҷанбаи асосиро дар бар мегирад: таълим(инкишофи зеҳнӣ) ва тарбия(шаклгирии ахлоқӣ). Падару модар бояд барои таъмини моддии кӯдак, муҳимтар аз он, барои ташаккули ҷаҳони маънавии онҳо низ масъул бошанд. Дар  асри  технологияҳои  муосир  ва  ҷаҳонишавӣ,  назорати дӯстонаи волидон нисбат ба истифодаи телефонҳои ҳушманд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рафтори фарзандон дар берун аз хона дучанд муҳим гардидааст. Хунукназарӣ дар ин ҷода метавонад ояндаи ҷавононро зери хатар гузорад.

Фарзанд оинаи падару модар аст. Масъулияти мо дар таълиму тарбияи онҳо, дар ҳақиқат, масъулият дар заминаи ояндаи давлату миллат аст. Риояи қатъии меъёрҳои қонунӣ ва амрҳои ахлоқӣ аз ҷониби волидон кафолати он аст, ки насли навраси Тоҷикистон соҳибмаърифат, ватандӯст ва боифтихор ба воя расида, парчамбардори ин марзу буми муқаддас хоҳад буд.

Исматулло ИЗАТУЛЛОЗОДА,
сардори шуъбаи коргузории Суди ҳарбии
гарнизони Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода