АРҶГУЗОРӢ БА ФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ– НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 155
![]()
Иқдоми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба бозгардонидани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат– Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангӣ Нисор Муҳаммад ба Ватан, дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин, боиси ҷонибдорӣ ва пуштибонии густурда гардид.
Ходимони дини вилояти Хатлон ин иқдоми наҷибонаро ҳамчун арҷгузорӣ ба таърих, эҳтиром ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат ва эҳёи хотираи миллӣ арзёбӣ менамоянд. Ба андешаи онҳо, гиромидошти шахсиятҳое, ки барои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллат ва ташаккули ҳувияти миллӣ ҷоннисорӣ кардаанд, рисолати ҳар ҷомеаи соҳибтамаддун мебошад.
Дар ҳамин замина, дар ҷаласаи махсуси Шурои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорони ҳамоиш аз ин ташаббуси таърихӣ якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони уламои вилояти Хатлон низ фаъолона иштирок дошта, онро иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихии миллат арзёбӣ карданд.
Ба таъкиди аҳли уламо, дини мубини ислом низ эҳтиром ба гузаштагон, пос доштани хотираи неки инсонҳои фидокор ва қадршиносии хизматҳои онҳоро аз амалҳои неку шоиста мешуморад. Аз ин рӯ, бозгардонидани хоки фарзандони фарзонаи миллат ба сарзамини аҷдодӣ на танҳо рӯйдоди сиёсиву таърихӣ, балки иқдоми дорои аҳамияти бузурги маънавӣ низ мебошад.
Уламои дин бар он назаранд, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷуҳ ба таърих ва гиромидошти шахсиятҳои миллӣ ба як рукни муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Маҳз чунин иқдомҳо метавонанд ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар қалби ҷавонон тақвият бахшанд.
Ходимони дини вилояти Хатлон ҳамзамон таъкид менамоянд, ки эҳтиром ба қаҳрамонони миллат эҳтиром ба давлату миллат ва таърихи пурифтихори тоҷикон мебошад. Зеро миллате, ки фарзандони фидокори худро қадр ме-кунад, метавонад арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти худро ҳифз намояд.
Бешубҳа, ин иқдоми таърихӣ ҳамчун рамзи эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
Ҳайдар САФАРОВ,
муовини раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархатиби шаҳри Бохтар
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
19-05-2026, 08:17
19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи...
-
29-08-2023, 09:44
Зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист. Зеро он ягона мавҷудоти соҳибшуур мебошад,...