РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ФАРХОР ВА ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 72
![]()
Субҳи имрӯз, 17 июн, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Панҷ аз раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои охир ва афзоиши сатҳи оби дарёи Панҷ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои осебпазир вусъат бахшида шуда, барои пешгирии хатари обхезӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ мегарданд.
Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои иҷрошаванда аз наздик шинос шуда, ба масъулини мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои соҳавӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати тезонидани раванди соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодаи самараноки техникаву таҷҳизот ва таҳкими назорати доимӣ аз болои сатҳи оби дарё супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳифзи аҳолӣ, заминҳои кишоварзӣ ва иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ аз таъсири офатҳои эҳтимолии табиӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулон қарор дошта бошад.
Бояд зикр намуд, ки 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дастур доданд, ки вазъи баландшавии сатҳи оби дарёи Панҷ ва корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҳти назорати бевосита қарор диҳанд.
Ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои зикршуда вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои саривақтӣ ва муассирро барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияти аҳолӣ амалӣ намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва вазъи гидрологии минтақаҳои наздисоҳилиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои ҳифзи аҳолӣ ва инфрасохтори муҳими минтақа тамоми имкониятҳоро сафарбар намуда истодаанд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...