Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Дар ҷараёни пешбурди тафтиши пешакӣ аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон муайян карда шуд, ки Абдусамадов Маҳмаднабӣ Додарҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти “Бохтариён”, деҳаи Чакиҳо, тахминан нимаҳои моҳи сентябри соли 2025 аз шиносаш Ғиёсов Қандаҳор Ҳотамович, соли таваллудаш 17 июни 1975, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”, деҳаи Чорбоғ, хазиначии нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Азия-Нефт”-и ҶДММ “Ғайрат-82”, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки “Бохтариён”, деҳаи Чакиҳо фаҳмидааст, ки писари мавсуф Ғиёсов Қ. дар Суди ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо собиқ ҳамсараш Баҳовуддинзода А. оид ба бекоркунии ақди никоҳ баҳси судӣ дошта, мехоҳад ин баҳси судӣ ба манфиати писараш ҳал гардад. Абдусамадов М.Д. баъди хабардор шудан оид ба мавҷудияти чунин парвандаи шаҳрвандӣ, ки худ дониши қазоие надошту аз ҷоҳиле беш набуд, муддати зиёде дар сар тарзи осон ба даст овардани маблағи зиёди пулиро тарҳрезӣ мекард.
Яъне қасди бо роҳи фиреб тасарруф намудани маблағҳои Ғиёсов Қ.-ро намуда, ба вай таклиф намудааст, ки бо маблағи даҳ ҳазор сомонӣ метавонад бо воситаи шиносонаш барои ба манфиати писараш Ғиёсов Қ. бароварда шудани санади судӣ аз рӯи парвандаи шаҳрвандии зикршуда мусоидат намояд. Ғиёсов Қ. Ҳ. ба ваъдаҳои Абдусамадов М. бовар намуда, 20 сентябри соли 2025 тариқи ҳамёни электронӣ ба корти бонкии мавсуф даҳ ҳазор сомонӣ мегузаронад. Абдусамадов М. маблағи 10 ҳазор сомониро бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ аз Ғиёсов Қ. тариқи электронӣ гирифта, онро ба манфиати худ сарф намудааст.
Инчунин, Абдусамадов М. амали ҷиноятии худро давом дода, аз чунин ранг гирифтани кор ва ба даст даровардани маблағи муфт хело шод гашта, ҳамзамон маълумот гирифтааст, ки Ғиёсов Қ. мақсади гирифтани шаҳодатномаи ронандагиро дорад. Баъди гирифтани маълумот дар ин хусус, ӯ боз қасди тасарруфи маблағҳои Ғиёсов Қ.-ро намуда, ба боварии Ғиёсов Қ.Х. даромада, ба вай ваъдаи бардурӯғ додааст, ки тавассути шиносҳояш барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои идораи воситаҳои нақлиёти сабукрав дар муҳлати се шабонарӯз мусоидат менамояд. Ғиёсов Қ. ба ваъдаи бардурӯғи Абдусамадов М. бовар карда, маблағи 2600 сомониро ба ӯ додааст. Онҳоро низ ба эҳтиёҷоти шахсӣ дар хариди маводҳои ғизоӣ, пӯшока ва истироҳат дар тарабхонаҳои шаҳри Бохтар сарф кардааст.
Абдусамадов М. пас аз талаби мунтазами маблағи пулӣ аз тарафи Ғиёсов Қ. охирҳои моҳи октябри соли 2025 маблағи чор ҳазор сомониро баргардонида, 8600 сомонӣ маблағи пулии боқимондаро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба Ғиёсов Қ. ба маблағи8600 сомонӣ зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.
Бинобар он, ки Абдусамадов М. бо роҳи фиреб ва сӯиистода аз боварии Ғиёсов Қ. маблағҳои номбурдаро тасарруф намуда, ҷинояти қаллобиро содир намуда, Ғиёсов Қ. пайваста маблағҳояшро аз ӯ талаб намудаву иброз менамояд, ки дар сурати барнагардонидани ин маблағҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҷинояти содирнамудаи ӯ хабар хоҳад дод.
Абдусамадов М. бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷиноятии худ 2 феврали соли 2026, тахминан соати чори субҳ ба нуқтаи таъмири мошинҳо, воқеъ дар деҳаи Чакиҳо, ки дар он ҷо ба сифати устои таъмири автомобилҳо кор мекард, омадааст. Ӯ бо худ як адад корди шикорӣ, як адад дастпӯши резинӣ ва як адад дастпӯши латтагин гирифта, ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Азия-Нефт”-и ҶДММ “Тайрат- 82”, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки “Бохтариён”, деҳаи Чакиҳо, ки дар он ҷой Ғиёсов Қ. ба сифати хазиначӣ кор ва ҳамон шаб дар ҷойи кораш қарор дошт, омадааст.
Абдусамадов М. бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои содир намудани ҷиноятии одамкушӣ, яъне фароҳам овардани торикӣ ва аз кор бозмонондани камераҳои назоратии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дастпӯши резинии бо худ овардаашро пӯшида, ба назди трансформатори ҷараёни барқии ин нуқтаи фурӯш рафта, қувваи барқро хомӯш намудааст.
Пасон, Абдусамадов М. бо мақсади то ба охир расонидани қасди ҷиноятии худ, дастпӯши латтагинро ба дасти чапаш пӯшида, дар дасти росташ корди шикории бо худ овардаашро гирифта, аз торикии шаб ва дар ҳолати корӣ қарор надоштани камераҳои назоратӣ истифода намуда, ба ҳуҷраи хазиначии нуқтаи фурӯши сузишворӣ рафта, дари ҳуҷраи мазкурро, ки аз дохил маҳкам буда, дар дохили он Ғиёсов Қ.Д. менишаст, кӯфтааст.
Ғиёсов Қ., ки аз қасди ҷиноятии Абдусамадов М. дарак надошт ва бо ӯ чун шиноси дерин муносибат дошт, баъди хабардор шудан аз омадани Абдусамадов М. дари ҳуҷраи хазинаро аз дохил зуд кушода, шиноси деринашро хайрамақдам гуфтааст.
Абдусамадов М. ба ҳуҷра даромада, фавран бо истифодаи корди бо худ овардааш бо бераҳмии махсус ба узвҳои муҳимми бадани Ғиёсов Қ., аз ҷумла ба сару гардан ва қафаси синаи Ғиёсов Қ. 20 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷаи ин зарбаҳо, охирон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Мавсуф пас аз куштани Ғиёсов Қ., бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷиноятии дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, дар ҳолати такроран, дари ҷевони оҳанинро кушода, бо роҳи пинҳонӣ аз он ҷо маблағи сенздаҳ ҳазору як саду бисту ду сомониро, ки ба ҶДММ "Ғайрат-82” тааллуқ дошт, пинҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Мақомоти дахлдор ҷинояткорро, ки баъди содир намудани ҷинояти даҳшатноки одамкушӣ акнун чун муш дар хонааш пинҳон шуда мегашт, бо як амали баланди касбӣ дастгир намуд.
Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон аз 7 майи соли 2026 Абдусамадов Маҳмаднабӣ Додарҷонович бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “а,в”, 104 қисми 2 бандҳои “е, л” ва 244 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 2 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт таъин карда шуд.
Акнун ин ҷавонмарди 35-сола 25 соли умри худро паси панҷараи маҳкама сипарӣ хоҳад кард.
Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ёрдамчии калони прокуро-ри вилояти Хатлон
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
