Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОҒОЗИ САФАРИ ГУРӮҲИ “НАВОИ МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО” БА МИНТАҚАИ КӮЛОБ


ОҒОЗИ САФАРИ ГУРӮҲИ “НАВОИ МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО” БА МИНТАҚАИ КӮЛОБ



Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони “Навои модарони ваҳдатсаро” таъсис дода шуда, аз 15 то 19 июни соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд сафар менамояд.

Ҳадафи асосии ин иқдом тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва шарҳи аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ дар рушди устувори кишвар мебошад.

Нимаи аввали рӯзи 15 июн ҳайати гурӯҳи “Навои модарони ваҳдатсаро” ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварда, ба барномаи мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон оғоз бахшид. Сафари гурӯҳ аз шаҳри Кӯлоб оғоз гардида, дар рӯзҳои минбаъда шаҳру ноҳияҳои дигари минтақаи Кӯлобро низ фаро хоҳад гирифт.

Дар доираи сафар аъзои гурӯҳ бо усули “хона ба хона”, инчунин тавассути мулоқоту вохӯриҳои мустақим бо сокинон суҳбатҳо баргузор намуда, аҳамияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва нақши ҳар як шаҳрвандро дар ҳифзи ин неъматҳои бузург шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Зимни мулоқотҳо таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ зоҳир мегардад.

Ҳамчунин, иштирокчиёни гурӯҳ зимни суҳбатҳо нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеаи кишвар таъкид намуда, саҳми Ваҳдати миллиро ҳамчун пояи асосии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол шарҳ медиҳанд.

Гурӯҳи “Навои модарони ваҳдатсаро” аз ҳисоби занони фаъол, собиқадорон ва шахсиятҳои обрӯманди ҷомеа иборат буда, ҳадаф дорад тавассути суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва вохӯриҳои судманд дар таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва пойдории ваҳдати ҷомеа саҳми муассир гузорад.

Баргузории чунин иқдом бори дигар шаҳодат медиҳад, ки ғояҳои сулҳу ваҳдат, ки бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким ёфтаанд, имрӯз низ ҳамчун омили муҳими субот, пешрафт ва ҳамбастагии ҷомеаи Тоҷикистон хизмат менамоянд.

Умарҷон Тошматов,
«ХАТЛОН»

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода