Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУМФАРШНАМОИИ 15 КИЛОМЕТР РОҲИ ДЕҲАИ ТОСҚАЛЪА ИДОМА ДОРАД


МУМФАРШНАМОИИ 15 КИЛОМЕТР РОҲИ ДЕҲАИ ТОСҚАЛЪА ИДОМА ДОРАД



Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои мумфаршнамоии роҳи деҳаи Тосқалъа боздид намуда, ба рафти иҷрои корҳои ободониву созандагӣ баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сокинони деҳаи Тосқалъа бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба корҳои азнавсозӣ ва мумфаршнамоии роҳи аҳамияти маҳаллидошта машғул буда, дар беҳтар намудани инфрасохтори деҳа ва шароити зиндагии сокинон саҳми назаррас мегузоранд.

Дар доираи ин иқдоми созанда мумфарш намудани 15 километр роҳи деҳа бо саҳми соҳибкорон ва аҳолии маҳаллӣ идома дошта, барои беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки сокинони маҳаллӣ корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳро бо дилгармӣ пеш бурда, ният доранд чунин амалҳои ободониро дар оянда низ густариш диҳанд. Иқдоми мазкур натиҷаи ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон аз самараи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ бо аҳолӣ шаҳодат медиҳад.

Сокинони деҳа аз анҷоми чунин тадбири муҳими ободонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки мумфарш гардидани роҳ барои ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол шароити мусоид фароҳам оварда, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳал мусоидат менамояд. Онҳо ҳамчунин омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар дигар корҳои созандагию ободонӣ баён доштанд.

Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ корҳои ободонӣ бо маром идома дошта, сокинон тавассути ҳиссагузории дастаҷамъона роҳҳои дохили маҳалла ва деҳаҳоро мумфарш мекунанд. Ҳамзамон чароғонкунии роҳҳо, навсозии ҷӯйборҳои обпартои канори роҳ ва дигар корҳои муҳими инфрасохторӣ амалӣ мегарданд.

Тибқи иттилоъ, корҳои навсозӣ дар роҳи мошингарди деҳаи Тосқалъа бо ҷалби қувваи сокинони маҳаллӣ, техника ва мутахассисони Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия анҷом дода шуда, ба сифати иҷрои корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иқдомҳои созандаи сокинону соҳибкорони ноҳияро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки чунин ташаббусҳо барои беҳтар намудани инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ мусоидат менамоянд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии сокинону соҳибкорони ноҳияи Восеъ аз татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ободонӣ беҳтарсозии муҳити зист, рушди деҳот ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии аҳолӣ мебошад.

Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода