ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ИНКИШОФИ КӮДАК БАРОИ 50 НАФАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 63
![]()
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов Маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази мазкур дар доираи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ва воситаҳои зарурии омӯзишӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Зимни муаррифии иншоот ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки марказ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас таъсис дода шудааст.
Тибқи маълумот, марказ барои фарогирии 50 нафар кӯдак дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбия мебошад. Дар ин ҷо синфхонаҳои замонавӣ, воситаҳои таълимӣ, бозичаҳои омӯзишӣ ва дигар имкониятҳои мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон муҳайё карда шудаанд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти чунин марказҳо дар рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон нақши муҳим дошта, барои омодасозии онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон кӯдакон дар чунин муҳит одоби муошират, эҳтиром ба калонсолон, арзишҳои миллӣ ва инсониро аз худ менамоянд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф иброз доштанд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус омӯзгорону зиёиён мебошад. Зикр гардид, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва азхудкунии донишҳои муосир бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти кормандони соҳаи маориф қарор дошта бошад.
Қайд карда шуд, ки рушди соҳаи маориф ва фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор рафта, дар ин самт тадбирҳои муассир пайваста амалӣ мегарданд.
Сокинон ва омӯзгорони ноҳияи Восеъ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, ифтитоҳи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро қадами муҳим дар роҳи беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва рушди зеҳнии насли наврас арзёбӣ карданд.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...