ИФТИТОҲИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ДЕҲАИ САРИЧАШМА БА МАСОФАИ 3 КИЛОМЕТР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 99
![]()
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ боздид намуда, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар доираи сафари мазкур дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов роҳи аҳамияти маҳаллидошта ба масофаи 3 километр мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ мумфарш гардида, барои беҳтар гардидани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон мусоидат менамояд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд. Бо рӯҳияи баланди созандагӣ сокинони деҳаи Саричашма тавонистанд дар муддати кӯтоҳ ҳудуди 3 километр роҳи мошингарди деҳаро мумфарш намоянд. Ҳамзамон тасмим гирифта шудааст, ки як километри боқимондаи ин масир низ дар ояндаи наздик мумфарш карда шавад.
Зимни маросими ифтитоҳи роҳ таъкид гардид, ки корҳои навсозӣ бо ҷалби қувваи сокинони маҳал, техника ва мутахассисони Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия анҷом дода шуда, ба сифати корҳо диққати махсус зоҳир гардидааст.
Ҳамчунин сокинон нақша доранд, ки дар доираи иқдомҳои навбатии ободонӣ роҳи деҳаро аз ҳисоби маблағҳои шахсони саховатпеша чароғон намоянд ва дигар корҳои ободониро вусъат бахшанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иқдоми созандаи сокинону соҳибкоронро натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ободгаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, саҳми онҳоро дар рушду пешрафти маҳал шоистаи таҳсин донист.
Таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сокинон бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ба мумфарш намудани роҳҳои дохилидеҳаву маҳаллаҳо, чароғонкунӣ, навсозии ҷӯйборҳои канори роҳ ва дигар корҳои муҳими инфрасохторӣ машғул мебошанд.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2024, 14:23
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...