Прокурор покдил инсон бувад...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 38
![]()
Ташаккули мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.
Зеро прокуратураи Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун ниҳоди алоҳида арзи вуҷуд дошта бошад ҳам, таъин ва озод намудани кадрҳои роҳбарикунанда ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти он аз ҷониби Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ мегардид.
Ба даст овардани Истиқлоли давлатии кишвар дар санаи 9-уми сентябри соли 1991, мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистонро таъмин намуда, имкон дод, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.
14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои прокуратураи тоҷик тақдирсоз қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ин мустақилият ва ба мақомоти олии давлатии худи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеу ҳисоботдиҳанда будани онро фароҳам оварданд.
Аз ҷумла, дар ин рӯз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, мутобиқи он мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Муқаррар карда шуд, ки Прокурори генералӣ бо розигии Президенти мамлакат аз ҷониби Шу-рои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, дар назди он масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад ва ҳамон рӯз бо Қарори Шурои Олӣ аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида буд.
Дар ҳамин сана бо Қарори Шурои Олии мамлакат лоиҳаи Қонун «Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хониши аввал қабул гардид, ки он вазифаҳо, принсипҳои ташкил, фаъолият, низом, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти прокуратураи Тоҷикистонро муайян менамуд.
Бо дарназардошти аҳамияти ин рӯйдодҳо дар ҳаёти прокуратураи мамлакат 14 марти соли 1992 ҳамчун Рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон карда шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки дар даврони Истиқлол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолияти самараноки прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷои он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шуданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани тайёрии касбии кормандони мақомот бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1994 Курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис дода, моҳи августи соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд.
Дар ин давра музди меҳнати кормандони прокуратура якчанд маротиба баланд бардошта, барои фаъолияти самараноки онҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Дар аксари шаҳру ноҳияҳо барои кормандон ҳуҷраҳои истиқоматии хизматӣ ҷудо, як қисмати зиёди онҳо бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шуданд. Дар давраи Истиқлол дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат таъминоти прокуратура бо биноҳои маъмурӣ куллан беҳтар гардид.
Ҳоло бошад, барои прокуратураҳо биноҳои замонавии бисёрошёна сох-та, як қисм биноҳои маъмурӣ азнавсозӣ карда шудаанд. Кормандони мақомот, ҳамзамон бо воситаҳои нақлиёт, технологияи иттилоотӣ ва таҷҳизоти зарурии криминалистӣ пурра таъмин карда шудаанд.
Кормандони мақомот дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. Ҳамагон дар хотир доранд, ки ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз даст рафтани давлатдорӣ ба миён омада буд. Дар ҳамон давраи сарнавиштсоз кормандони прокуратура бо матонату иродаи қавӣ кор намуда, тавонистанд, ки то андозае волоияти қонунро дар кишвар ҳамроҳи дигар сохторҳои ҳуқуқӣ таъмин намоянд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои кормандони мақомоти прокуратураро дар назди давлат ва миллат борҳо қайд кардаанд.
Аз ҷумла, 24 декабри соли 2004 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба солгарди прокуратура Президенти кишвар изҳор доштанд: «Кормандони прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро карда меоянд».
Ин суханони Роҳбари давлат барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, моро ба боз ҳам бештар тақвият додани самаранокии фаъолият дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ ҳидоят менамоянд.
Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло имрӯзҳо низ дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон шабу рӯз заҳмат кашида истодааст.
Кормандони прокуратура тасмим гирифтаанд, ки дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи Тоҷикистони азиз саҳми боз ҳам бештареро хоҳанд гузошт.
Ба гуфти Корманди фахрии мақомоти прокуратура, шоир шодравон Меҳроҷиддин Камолӣ:
Прокурор покдил инсон бувад,
Покиаш аз покии имон бувад,
То сабақе гирад аз ӯ нохалаф,
Ҳар амал мактаби виҷдон бувад!
Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...