Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОРАК: ҚАДАМЕ ДИГАР БА СӮЙИ БУНЁДИ «КИШВАРИ САБЗ»


НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОРАК: ҚАДАМЕ ДИГАР БА СӮЙИ БУНЁДИ «КИШВАРИ САБЗ»



Дар доираи татбиқи Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, рӯзи 10 март дар шаҳри Норак бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.  

Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар атрофи хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва талу теппаҳо ниҳолшинонӣ вусъат дода шавад.

Дар ин маъракаи хуррамгардонӣ 1000 бех арча шинонида шуд. Аз аввали мавсим дар талу теппаҳо ва дохили шаҳри Норак 19000 дарахти ороишӣ шинонида шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз беш аз 500 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан шинонида шудааст (125%-и нақша).

Бояд зикр намуд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2023, №544, Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ гардид, ки тибқи он то охири соли 2025 дар масоҳати беш аз 4 ҳазор гектар шинондани 65 миллион дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода