Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Китоби «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ховалинг расид


Китоби «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ховалинг расид


Рӯзи 8 июни соли равон корвони туҳфаи Пешвои миллат- китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Ховалинг расид. Баъди қабули туҳфаи Президенти мамлакат гурӯҳи масъулин ба ҳар як оилаи сокини Ховалинг китоби «Тоҷикон»- ро дастрас мегардонанд. Тибқи маълумоти аъзои комиссияи мазкур теъдоди китобҳо ба ҳар як ҷамоати деҳот тибқи рӯйхати пешниҳодгардида дода мешавад.

Ин асари арзишманди Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ тақдим мегардадИн иқдом аз тарафи Пешвоимуаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи хотирмону пурарзиш ба ҳар оилаи кишварамон дастрас хоҳад шудДиректори осорхонаи ноҳия Амир Саиди Мункӣ дар суҳбат иброз намудки ин ташаббуси наҷибонаи Пешвои муаззами миллат бисёр саривақтӣ будЗеро мардуми мо барои омӯхтани таърихи гузаштаи худбахусустаърихи фарҳангу оиндорӣ ва дигар паҳлуҳои таърихи ҷомеаи қадимаи тоҷик ба ин асари пурбаҳо эҳтиёҷ доштГарчанде ин китоб дар даврони шӯравӣ чоп шуда буд, аммо дастраси ҳамагон набуд. Имрӯз хушбахтона бо меҳру садоқати бепоёни фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Сарвари ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ ин китоб тақдим мегардад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода