Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ


ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ




Имрӯз, 28 сентябр, дар Маҷмааи фарҳангии "Офтобак"-и Вахш аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба гирифтани грант барои ташкил намудани сехи чакандӯзӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтани бунгоҳи тиббӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхонаи хишти пӯхта, расонидани кӯмаки молиявӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ барои табобат, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхонаи хурди истеҳсоли равған, чароғоннамоии деҳа, ҷудо намудани саҳми замини хоҷагии деҳонӣ дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш мулоқот анҷом доданд.

Раиси вилоят аз мушкилоту камбудиҳои соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, масъулин ва фаъолонро вазифадор намуданд, ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чиниши пахта, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон раиси вилоят дар анҷоми мулоқот нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияро дар зарфи 8 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт чораҷӯӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода