РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ ШИНОС ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 136
Имрӯз, 11 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар дидан намуд.
Раиси вилояти Хатлон аз Маркази вилоятии бемориҳои дил, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Маркази бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии вилояти Хатлон, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон ва Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон боздид намуда, аз вазъи кории табибон ва шароити беморон огоҳ шуд.
Бинои аксари шуъбаҳои марказу беморхонаҳо имрӯз мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд, аммо ҳоло ҳам норасоии таҷҳизоти муосири тиббӣ ба назар мерасад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулон ҷиҳати ҳарчи зудтар ҳал намудани ин мушкил дастур дод.
Ба таъкиди раиси вилоят, пеш аз ҳама, таҷҳизоти муосири тиббиро дар муассисаҳои тиббӣ таъмин намуда‚ бояд сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба дардмандон беҳтар карда шавад.
Гуфта шуд, ки масъалаи таъмини ин соҳаи афзалиятноки кишвар бо кадрҳои соҳибтахассус, инчунин, баланд бардоштани дараҷаи касбии онҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати такмили ихтисос ва малакаҳои касбӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи муоширати сатҳи баланди табибон шароит фароҳам оварда мешавад.
Дар зарфи 33 соли Истиқлоли давлатӣ ин соҳаи афзалиятноки кишвар дар вилоят ба таври чашмрас рушд карда, бо ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ба муассисаҳои соҳа ва корбурди усулҳои нави табобат шароити хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Қобили зикр аст, ки дар вилояти Хатлон 1793 муассисаи тандурустии давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти хусусии тиббидошта фаъолият намуда, ба мардум хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 477 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 128 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 иншооти тиббӣ, аз ҷумла Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара, марказҳои ташхисию табобатии фаъолияти хусусии тиббӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ ва беш аз 10 бунгоҳи саломатӣ ба маблағи зиёда аз 18 миллиону 369 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва шарикони рушд сохтмони 98 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 29 адад дар бахши госпиталӣ, 58 адад дар самти муассисаҳои соҳаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 11 адад самти фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббидоштаро ташкил медиҳад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-02-2022, 13:30
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...