Дарси сулҳи Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 208
Боиси сарфарозист, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳамияти бузурги маънавӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъю кӯшиши дониш ва нашъунамои мамлакати азизамон дар ҷодаи илму маърифат мебошад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистони азизи мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки ин аз ғамхориву таваҷҷуҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф далолат мекунад.
Пешвои миллат Дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххас оғоз намуда, дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи илму мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ ҷалб намуда, такид доштанд: “Мо бояд ба хотири фардои ободии давлат ва ҷомеа сидқан ба илму маориф рӯ оварем”.
Воқеан, суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххаси Пешвои маҳбуби миллат роҳнамо ва дастурест, ки ҳар як омӯзгор, олимону про-фессорон ва аҳли маорифи кишварро барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои илмиву таълимӣ дар рушди маорифи он роҳнамун месозад. Чунки бо ин роҳ ҳар як омӯзгор дар шаклҳои алоҳида метавонад, аз ин масъалагузориҳо ба таври ва-сеъ истифода намуда, дар роҳи ба даст овардани натиҷаҳои илмӣ, таълимиву тарбиявӣ ба муваффақият ноил гардад.
Ҳамзамон, муҳтарам Пешвои миллат иброз намуданд: “Дар таълиму тарбия фарзанд натанҳо омӯзгорон, балки падару модар низ вазифадор мебошанд, набояд таълиму тарбияи фарзандро танҳо ба зиммаи омӯзгор вогузор намуд”. Дар ин масъала ба падару модарон рӯ овар-да таъкид доштанд: “Фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд, аз ин рӯ, фарзандонро аз илму маориф дур насозед”. Ин ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат барои ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавонон аҳамияти бузург дорад.
Дар масъалаи сифати таълиму тарбия низ суханони Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти калонро доро мебошад. Чунки омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст ва сатҳу сифати таълиму тарбия аз муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд доранд.
Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ атрофи беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа Пешвои муаззами миллат иброз намуданд: “Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем”. Дар ин робита Президенти мам-лакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар давоми шаш моҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Ин иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боло бурдани мақому манзалати омӯзгор ва дар руҳияи инсондӯстӣ тарбия намудани муҳассилин шоистаи таҳсину офарин мебошад.
Воқеан ҳам, баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ менамояд. Маҳз ин омил, ба ташаккули зеҳнияти насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки иқдоми шоиста ва қобили таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили сад фоиз баланд намудани маблағи ҳавасмандгардонии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани ази-зи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «“Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат» ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар баробари дигарсупоришу роҳнамоиҳояшон Президенти кишвар бори дигар ба масъалаи забономӯзии ҷавонон аҳамияти хоса дода, омӯзиши забонҳои хориҷиро бисёр муҳим ва зарурӣ шумориданд. Дар ҳамин асос супориш доданд, ки барои бозҳам ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо шабакаии телевизиони омӯзишии забонҳои хориҷӣ таъсис додашавад.
Ҳамин тариқ, дар таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Раҳбари муаззами миллат, Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як бори дигар аз дастгириҳои пайвастаашон ба илму маориф, ба насли имрӯза ва ояндаи Тоҷикистон дар масъалаи илму дониш, касбомӯзӣ, забономӯзӣ, дӯст доштани Ватану миллат, ифтихор аз расму оинҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба гузаштагони пурифтихори мо, таълиму тарбия барои мо ҳамчун намуна ва дастури зиндагӣ баҳри ҳаёти шоиста намунаи ибрат мебошанд.
А. АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00