Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва дарки хавфнокии онро дар ҷомеа бояд ташаккул дод


Фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва дарки хавфнокии онро дар ҷомеа бояд ташаккул дод




Имрӯз, 16 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилоят Ҷамшед Каримзода, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, масъулони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласа баргузор гардид.

Дар оғоз муовини раиси вилоят Ҷ. Каримзода иброз намуд, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки барои дар фаъолияти ташкилотҳо ошкору бартараф намудани хавфу омилҳои коррупсионӣ халал ворид мекунанд ва таъсири бевоситаи онҳо ба фаъолият мусоидат менамоянд, доир мегардад.

Қайд карда шуд, ки гурӯҳҳои корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия таъсис дода шудааст.


Намояндаи Агентӣ суханронӣ карда, рафти иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи тасдиқи Методология тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” беҳбудиҳо металабад.\

Таъкид шуд, ки бартараф намудани таҳдидҳо ба бехатарии иқтисодиёти миллӣ, пешгирии омилҳо ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, мусоидат ба дарки хавфнокии коррупсия дар ҷомеа ва ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба омилҳои коррупсионӣ танҳо дар сурати ҳамкории мустаҳками ҷомеа ва фаъолон бо мақомоти дахлдори давлатӣ имконпазир мебошад.



Маърӯзачиён ва иштирокдорони нишаст назорати иҷрои чорабиниҳои пешгирии коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин, ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва дарки хавфнокии коррупсия дар ҷомеа, ҷалби қувваҳои солимфикри ҷомеа дар муқовимат ба коррупсия бо роҳи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ карданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода