Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » "СУРХОБ" ВА "НОРАК" МАВСИМИ ИМСОЛАИ ЛИГАИ ДУЮМРО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ НАМУДАНД


"СУРХОБ" ВА "НОРАК" МАВСИМИ ИМСОЛАИ ЛИГАИ ДУЮМРО БО ҒАЛАБА ОҒОЗ НАМУДАНД




Имрӯз, 14 май бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон оғоз гардид.

Дар доираи даври аввали чемпионат дастаи "Сухроб"-и ноҳияи Темурмалик бо дастаи "Балҷувон"-и Балҷувон рақобат намуд.

Вохӯрии дастаҳо дар майдони Боғи фарҳангиву фароғатӣ ба номи Бобоюнус Худойдодзода доир гардид, ки соҳибони майдон бо ҳисоби 3:1 ғалаба намуданд.

Голҳои мизбононро Сулаймонов Зиёрат ва Муродов Музаффар ба ҳадаф расониданд. Муаллифи голи ягонаи дастаи меҳмонон Абдулҳаитов Сафаралӣ шуд. Бозингари беҳтарин дидор Сулаймонов Зиёрат, аз дастаи  «Сурхоб» дониста шуд.

Ҳамчунин, имрӯз бозингарони дастаи "Норак"-и Норак бар дастаи "Терай"-и Ш. Шоҳин бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода