Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бозичаҳо кӯдаконро муттаҳид месозанд


Бозичаҳо кӯдаконро муттаҳид месозанд




Бозича “заминаи моддии бозӣ” (А.С. МАКАРЕНКО) арзёбӣ гардида, кӯдакон тавассути он образи қаҳрамонҳои хаёлии худро тарҳрезӣ менамоянд, ба ин васила худро дар ин ё он нақш ворид намуда, таассуроташонро оид ба ҳаёт ва муҳити атрофи хеш амалӣ мегардонанд.

Бо дарназардошти он, ки бозича ба кӯдак «зиндагӣ кардан ва амалу рафтор намудан»-ро меомӯзад, аҳамияти тарбиявии он дар рушду ташаккули афкори кӯдакон нақши муассир дорад. Мусаллам аст, ки бо истифода аз бозичаҳо кӯдакон вориди муносибатҳои ҷамъиятӣ гардида, худро дар ҳаёти оила ва зиндагии ҳаррӯза эҳсос менамоянд.

Гуногуншакливу рангорангӣ ва дар ҳолату вазифаҳои гуногун истифода намудани бозичаҳо ба кӯдак имконият медиҳад, ки ба ҳаёту амалкарди пурасрору рӯзмарраи калонсолон ворид гардида, ба сифату хусусияти ашёҳо шинос шавад, рисолат, мавқеъ ва вазифаи ҳар яке аз онҳоро дар ҳаёт, маишат ва фаъолияти меҳнатии одамон аз худ намояд.

Бо василаи бозичаҳо кӯдакон муносибат бо атрофиёнро омӯхта, аз асрори зиндагӣ воқиф мегарданд.

Дуруст интихоб намудан ва истифодабарии бозичаҳо метавонад тарбия ва инкишофи фикрии кӯдаконро таъмин намояд, ки ин дар таҷрибаи амали халқ ва фаъолияти муассисаҳои томактабӣ истифода гардидааст.

Бозиҳои образнок ва дидактивӣ шавқу рағбати кӯдаконро ба инкишофи нутқ ва ғанисозии захираи луғавӣ, аз худ намудани маҳорату малакаҳои фикрронӣ водор менамояд. Бахусус, бозичаҳои ба қисмҳо тақсимшаванда, конструкторҳо, мозаикаҳо воситаи муҳими инкишоф додани диққат, бахотиргирӣ, машқ додани маҳорати муқоисавӣ ва ташаккули дигар зарфиятҳои  инсонӣ мусоидат менамояд. Бозичаҳо олами эмотсионалии кӯдакро бой гардонида, ба онҳо хурсандию хушҳолӣ, шодию сурур мебахшанд.

Бозичаи мақбули кӯдакон ба онҳо олами иҳотакарда ва одамон муносибати хайрхоҳонаи некандеширо ташаккул медиҳанд. Ҳисси дилбастагӣ ва дӯстдории онҳо нисбат ба бозичаҳо дар бозиҳо ифода гардида, ба шаклгирии ҳиссиёти мусбати ахлоқӣ замина мегардад. 

Бозичаҳо дар рафти истифодабарӣ кӯдаконро тариқи бозиҳои шавқовар ба ҳам муттаҳид намуда, ба ташаккулёбии муносибатҳои байни ҳамдигарии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Воқеан ҳам, нахустин гуфтугӯву андешаҳои кӯдакии атфол зимни муносибат бо бозичаҳо оғоз мегардад, ки онҳо бо лаҳни кӯдакии хеш бо ҳамдигар машварат намуда, аз якдигар чизе меомӯзанд. Ҳатто дар ҳамин лаҳзаҳои бозӣ кӯдакон аз фикру ақидаи ҳамдигар огоҳӣ ёфта, сухану муносибати якдигарро дар хотир мегиранд. Мувофиқи маълумоти файласуф Плутарх дар байни бозичаҳои аҳди қадим бозичаҳои ҳаракатдиҳандаи механикӣ буданд, ки ин гувоҳи рушди маҳорати касбии устоҳои бозичасози он замон аст.

Истеҳсоли бозичаҳо чун як шакли саноат ва истеҳсолот дар шаҳри Нюнберги Олмон дар асри XIX оғоз гардид. Соли 1880 истеҳсоли бозичаҳоро дар фабрикаи махсус бо усули штампофка - дар қолаб рехтаноғоз намуданд, ки ин амал имконият дод, то бозичаҳои арзишашон арзон бо теъдоди зиёд истеҳсол карда шаванд.

Дар асоси илми педагогикаи томактабӣ доир ба пайдоиши бозичаҳо ақидаи гуногун вуҷуд дорад.

Маълум аст, ба бозичаҳо - гуногуншаклию гуногунрангии устувор, риоя намудани хусусиятҳои анъанавӣ хос аст. Аммо, боиси таассуф аст, ки имрӯз на ҳамаи бозичаҳои замонавӣ ҷанбаи инсондӯстӣ, тарбиявӣ, таълимӣ доранд. Дар бозору мағозаҳо теъдод ва номгӯйи зиёди бозичаҳои ҳарбиро дидан мумкин аст, ки онҳо образи техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳаро дар худ таҷассум мекунанд. Ин бозичаҳо бештар таваҷҷуҳи писарчаҳоро ба худ ҷалб намуда, сабаби ба вуҷуд омадани бозиҳо дар мавзуъҳои ҷанг, задухӯрду муҳорибаҳо мегарданд, зӯроварӣ, бархӯрдҳои нораворо таблиғ менамоянд ва сабаби аз хурдсолӣ ба вуҷуд омадани ҳисси парастиши қувваи ҷисмонӣ, истифодаи он дар зӯроварию бераҳмӣ дар кӯдакон шуда метавонад.

Бозича бояд аз маводҳое сохта шаванд, ки кӯдакон аз онҳо ба роҳат истифода баранд. Маълум аст, ки бозичаҳои нарм, пахмоқак диққати кӯдакро ба худ ҷалб менамояд ва барои бозӣ қулай аст. Аммо бозичаҳои аз маводи сахт, шиша, метал сохташударо набояд дастраси кӯдакон кард, зеро ки баъди як-ду маротиба ба даст ламс кардани ин гуна бозичаҳо кӯдакон аз истифодаи он худдорӣ менамоянд.

Чаро ки бозичаҳои аз маводу маҳсулоти дурушт сохташуда табиатан сарду сахт ва дағал буда, ҳамзамон, ба ҳаёту саломатии кӯдакон хавфнок мебошанд. Ба ин монанд бозичаҳои тезқира, вазнин, бозичаҳои шишагӣ, металӣ сабаби ҷароҳат бардоштани кӯдакон мегарданд.

Ба андешаи коршиносон солҳои охир дар бозору мағозаҳо бозичаҳои сифати паст, аз маводҳои ба саломатии кӯдакон зараровар зиёд мушоҳида мешаванд. Баъзе бозичаҳо аз худ ҳар гуна бӯю микробҳои ба солимии инсон зарароварро ҷудо менамоянд.

Ин гуна бозичаҳо дар ҳолати расидани оташ тез аланга гирифта, ба дуди заҳролуд мубаддал мегарданд, тез вайрон ва ба қисмҳо ҷудо шуда, кӯдакро тез асабонӣ месозанд. Бинобар ин, ҳангоми харидорӣ кардани бозичаҳо ба сифати онҳо бояд диққат дод. Баъдан, бо мақсади ҳифзи сифату нигоҳдории бозичаҳои тарбиятгирандагон муассисаҳои томактабӣ бояд бо ҷевону рафҳо, сабаду қуттиҳо муҷаҳҳаз гардида бошанд. 

Бозичаҳо дар ҷевону ҷойҳои мувофиқ муносиби шакл хусусият ва вазифаҳои таълиму тарбиявии онҳо ҷо ба ҷо карда шаванд, то ин ки кӯдакон аз онҳо мустақилона истифода бурда тавонанд.

Бозичаҳо бояд тибқи ҳама давраҳои синнусолии томактабӣ бо теъдоди кӯдакон ва синну соли онҳо мувофиқат намоянд. Инчунин, масъулини муассисаҳои томактабӣ ва ҳам волидон бояд дар интихоби бозичаҳо барои кӯдакон ба сифату зебоӣ, ороиш ва зоҳири диққатҷалбкунандаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд. Зеро кӯдакон ҳамеша аз бозичаҳои зебо, хушнамуд хурсанду хушҳол гардида, дар замири онҳо шавқу рағбат ба зебоипарастӣ, зебоишиносӣ ва зебоиофарӣ  ташаккул меёбад.

Аз ин рӯ, дар баробари таваҷҷуҳи зиёд дар тарбияи атфол, пеш аз ҳама, дар интихоби бозичаҳои кӯдакона аз машварату тавсияи мутахассисони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ва риштаи равшоншиносӣ бояд истифода намуд.

Сафарбии МАҲМАДСАИД,
мураббии МДТТ
№24- и шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода