Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гаравидани ҷавононро аз ҳаракатҳои террористӣ пешгирӣ мебояд


Гаравидани ҷавононро аз ҳаракатҳои террористӣ пешгирӣ мебояд



Дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Муовини раиси вилоят зикр намуд, ки мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бори дигар собит намуд, ки Роҳбари кишвар на танҳо ҳамчун ҳомии Конс-титутсия дар доираи низоми қонунгузории давлатдории дунявӣ, ҳамзистии осоиштаи пайравони дину мазҳаби гуногунро таъмин намудааст, балки фарохтар аз он эҳтироми хосаи худро ба ҳифз ва рушди фарҳанги динӣ изҳор намуд.

«Дар суханрони худ Ҷаноби Олӣ гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва иштироки шаҳрвандони кишварро дар амалиёти террористӣ дар кишварҳои дигар мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳақ бар ҷониби Президенти кишвар аст. Вақте ки аз ҳодисаҳои солҳои навадум ёдоварӣ гардид, омили асосии ҷанги шаҳрвандӣ ин ба таври сунъӣ фалаҷ кардани фаъолияти низоми конститутсионӣ ва қонунҳо буд. Дар ин бесарусомонӣ яроқбадастони наҳзатӣ зулму истибдоди беҳад бар сари мардуми бечора карданд. Хушбахтона фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омаданд ва ба хомӯш кардани оташи ҷангу таъмини субот ноил гардиданд», - афзуд А. Абдусаломзода, муовини раиси вилоят.

Инчунин, масъалаҳои вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии нашъамандӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Комрони Бахтиёр,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода