ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Ду ноҳияи вилояти Хатлон даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ таъмин намуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 552
Дар рӯзи нахустини даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Фархор ва Вахш нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Ба ин муносибат бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Фархору Вахш, аъзои комиссияи даъватӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус қарз мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонмард бояд ин қарзи худро дар назди Ватан бо хизмати софдилона ва руҳияи ҷавонмардона иҷро намояд.
Гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ бамаротиб беҳтар гардида, давоми хизмати ҳарбӣ ҷавонон дониши сиёсӣ-ҳарбии худро баланд мебардоранд ва ҷисману руҳан обутоб ёфта, бо сари баланд ба назди волидони худ бармегарданд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як падару модар мешавад.
Дар ин чорабиниҳо ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандаҳо ва волидони онҳо оид ба хизмати Ватан-Модар андешаронӣ намуда, ба ҷавонон дар ҷодаи хизмати Ватан садоқатмандӣ таманно карданд.
Субҳи имрӯз, 3 апрел, дар маркази маъмурии вилоят маросими мутантани “Рӯзи даъватшаванда” бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон сурат гирифта, беш аз ҳазор нафар даъватшавандаҳо бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 апрел мавсими баҳории даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31 май идома мекунад.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00