Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пешвои миллат: "Аз рӯзҳои мусоиди баҳор самаранок истифода барему корҳои кишоварзиро вусъат бахшем"


Пешвои миллат: "Аз рӯзҳои мусоиди баҳор самаранок истифода барему корҳои кишоварзиро вусъат бахшем"



- Имсол моҳи шарифи Рамазон ба давраи саршавии мавсими киштукори баҳорӣ рост омад. Мо бояд аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, корҳои кишоварзиро вусъат бахшем, - омадааст дар паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.


Дар шароити имрӯза, ки бар асари гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай бисёр кишварҳои дунё аз норасоии маводи озуқа ва болоравии нархҳо танқисиву азият мекашанд, ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва заҳмати боз ҳам бештарро тақозо менамояд.

Фаромӯш набояд кард, ки Худованд ризқу рӯзӣ ва хайру баракати ҳар шахсро ба ақлу хирад ва заҳмату талоши ӯ вобаста медонад.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода