Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Президенти Туркия ба имдодгарони Тоҷикистон арзи сипос кард


Президенти Туркия ба имдодгарони Тоҷикистон арзи сипос кард



Имрӯз, 20-уми феврал, Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар ҷараёни диду боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.


Зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодгаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.


Президенти Туркия ҳамчунин изҳор дошт, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯ ва аз фаъолияти имдодгарони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва дақиқа ба дақиқа пайгирӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода