Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хуросон. Таъсиси 1396 ҷойи кори нав


Хуросон. Таъсиси 1396 ҷойи кори нав



Давоми соли 2022 дар ноҳияи Хуросон 1396 ҷойи кории холӣ таъсис дода шуд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси ин ноҳия Илҳом Аҳмадзода.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 104,6% иҷро гардид, ки нисбат ба соли гузашта зиёда аз 59 миллион сомонӣ зиёд аст. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ 29 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки 101,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.


- Бо ҷалби маблағгузориҳои гуногун дар деҳаҳои дурдасти ноҳия дар назди чор муассисаи таълимӣ биноҳои иловагӣ бо харҷӣ 31 миллион сомонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. - гуфт И. Аҳмадзода. 


Толиб Толибзода, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода