Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 50 грант барои истифодаи оқилонаи замин


50 грант барои истифодаи оқилонаи замин



Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои ҳавасмандгардонии беҳтарин натиҷагирӣ дар истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни муваффақ зиёда аз 50 грант ҷудо менамояд.

Ба ин муносибат 27 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз он аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва расонидани ёрии амалии донишҷӯён ба падару модар намоиши дастовардҳо дар ин самт баргузор мегардад.

Тибқи низоми муайянгардида, ҳар як корманд, омӯзгор ва донишҷӯи донишгоҳ бо истифода аз варақаи махсус корҳои ба сомон расонида дар самти истифодаи оқилонаи замин, аз ҷумла татбиқи технологияҳои навин ва гирифтани якчанд ҳосил аз онро муаррифӣ менамояд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода