Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Аз сарбози иттилоотӣ то сарбози низомӣ


Аз сарбози иттилоотӣ то сарбози низомӣ



Барои мо – кормандони рӯзномаи вилоятии “Хатлон” боиси сарфарозист, ки дар даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон корманди ҷавону эҷодкори муваффақи рӯзнома Набиҷони Саидаброр бо хоҳиши худ, сарбаландона ба сафи Артиши миллӣ пайваст.

Набиҷони Саидаброр зодаи ноҳияи Муъминобод буда, соли 2022 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм намудааст. Аз соли аввали таҳсил бо васоити ахбори омма ҳамкорӣ намуда, аз моҳи майи соли 2021 дар рӯзномаи “Хатлон” ба ҳайси мухбири бахши видеоӣ ва моҳи июни соли 2022 мудири шуъбаи мултимедиа фаъолият менамояд.

Ӯ изҳор медорад, ки хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барояш шараф аст: “Аз хурдӣ орзу доштам, ки либоси низомӣ ба бар карда, барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз ҳисса гузорам. Ана ҳамон рӯз ҳам фаро расид. Бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, сарбаландона онро оғоз кардам. Дар баробари сарбози иттилоотӣ будан, акнун сарбози низомӣ низ шудам”.

Ёдовар мешавем, ки Набиҷон дар фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷавони навовар ва серталаб маҳсуб меёбад. Дар тарғиби ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳиссаи бориз дорад.

Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон”, фаъолияти Набиҷони Саидаброрро пурсамар арзёбӣ намуда, изҳор медорад: “Барои ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” боиси сарфарозист, ки корманди идора бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ пайваст. Ин рӯйдод барои кормандони рӯзномаи “Хатлон” як лаҳзаи бисёр ҳам хотирмон ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, ба сафи артиш пайвастани ҷавонон бо ихтиёри худ солҳои охир зиёд гардидааст ва Набиҷони Саидаброр низ яке аз дастпарварони мактаби эҷодии рӯзномаи “Хатлон” аст, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар ба артиш сафарбар шуд”.

Воқеан, дар чунин давлати тинҷу обод зери осмони софи сулҳу амонӣ хизмат кардан, аз шуҷоату мардонагии ҷавонони барӯманди кишвар дарак медиҳад. Маҳз аз ҳимояти шабонарӯзии онҳост, ки имрӯз дар кишвари мо амният ҳукмфармост. Имрӯз шароити хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб беҳ гардида, барои хубтару беҳтар намудани ҳолатҳои низомӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Идибек Ғоибзода, комиссари ҳарбии шаҳри Бохтар, Артиши миллиро шоҳсутуни давлату миллат арзёбӣ намуда, қайд медорад: “Имрӯз ҳар як ҷавони бонангу ори Ватанро лозим аст, ки довталабона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандиашро адо намояд. Шароити хизмати ҳарбӣ дар қисму воҳидҳои низомӣ хуб буда, таъмини сару либос, хӯрокворӣ ва ҳолатҳои маишӣ пурра ба роҳ монда шудааст”.

Дар баробари Набиҷон, ҳамчунин як корманди дигари рӯзномаи “Хатлон” Сурайё Сангова дуюмин фарзанди худ – Шаҳриёр Сӯфиевро барои хизмат ба сафи Артиши миллӣ сафарбар намуд.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода