Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи фалак


Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи фалак



Ҳамдиёрони гиромӣ!

Насли имрӯзаи тоҷик бо решаҳои таърихиву бостонии ниёгон пайвандии ногусастанӣ дорад. Хусусан фарҳанги волои миллати тоҷик дорои таърихи амиқу аркони муҳташами фарҳангиро соҳиб аст, ки омӯзиш, таҳқиқ ва донистани решаҳои ирсии фарҳанги миллӣ натанҳо барои рушду ташаккули санъати миллии ҳирфавиву шифоии мардуми мо дастури раҳнамост, балки рисолати асилеро дар назди ворисони аждодии миллати тамаддунофари фарҳангпарвари тоҷик пеш мегузорад.

Ба таърих бо чашми хирад нигариста аз зери дарёи пурғановати фарҳанги миллат беҳтарин дурдонаҳои санъати миллиро метавон  дарёфт. Мартаба, нуфуз ва эътибори фалак ҳамчун жанри суннатии миллати мо, аз ҷумлаи ганҷинаи бебаҳоест, ки ҷилои он аз миёни қарнҳо бигзашта, тавассути нерӯи зеҳнӣ ва қувваи ҳунарии мардуми тоҷик то имрӯз зиёи бештаре ба худ касб кардааст. Воқеан ҳам фалак жанри шифоии мардум аст, аммо дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат заминаҳои мусоиди маънавӣ фароҳам оварда шуд, то ин санъати шифоӣ ба тахти санъати ҳирфавӣ бароварда шавад.

Тазаккур бояд дод, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду ташаккули  фарҳанг  ва арзишҳои миллии он диққати махсус дода, дар ин самт иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд.

Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», мақоми ҷаҳони касб кардани ҷашни Наврӯз, дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани рӯзҳои «Шашмақом», «Фалак», идҳои «Тиргон», «Меҳргон», «Сада», «Рӯзи китоб», эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман», дастрасии китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ далели таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самти муҳим ба мушоҳида мерасад.

Бо гузашти солҳо бо ташаббус ва дастгирии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати мусиқии миллӣ, аз ҷумла  фалак рушду нумӯъ дорад.

Эълон гардидани 10 октябр ҳамчун Рӯзи фалак дар кишвар далели равшани таваҷҷуҳи Роҳбарияти  олии сиёсии кишвар нисбатба ин жанри оҳанги миллӣ  буда, дар партави ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар кулли мардуми Тоҷикистон ба ин ҳунари мардумӣ, ҳамчун мусиқии миллӣ рағбат ва арҷгузорӣ менамоянд.

Санъати маъмули фалак аз ҳар ҷиҳат ба шунаванда ҳаловат, осоишу роҳат бахшида, дари муъҷизаи худро боз намуда, ӯро ба олами волои худ раҳнамун месозад.

Саҳми мондагори Пешвои миллат дар муаррифии ин санъати миллӣ бесобиқа буда, дар мамлакат  барои ривоҷу равнақи равияи фалакхонӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Яке аз чунин имконият -ин баргузории озмуни ҷумҳурия-вии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» мебошад, ки бо ташаббуси беназири Пешвои муаззами миллат рӯи кор омада, дар тули чор соли баргузории ин тадбир даҳо нафар чеҳраҳои нав дарёфт гардида, баҳри ривоҷи санъати мусиқии суннатии фалак саъю талош доранд. Баргузории ин озмун бори дигар собит кард, ки жанри миллии мо дар замири ҳар  як тоҷикистонӣ ҷойгоҳи хоси худро дорад. Зеро дар жанри анъанавӣ иштирокчиёни фалаксаро бештар дида мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди жанри фалак тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст. Бобати ҳифзу нигоҳдорӣ ва идомаи ин санъати баланди мусиқӣ бо таваҷҷуҳи бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар вилоят ансамбли  фолклорӣ - этнографии "Хутал" дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ансамлби "Фалак" дар назди Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон таъсис дода шуда, баҳри муаррифии ин санъати касбии мусиқии суннатии тоҷик нақши муассир доранд.

Ёдовар бояд гардид, ки дар вилояти Хатлон бо мақсади ҳифзи мероси мусиқии суннатии тоҷик тадбирҳои судманд амалӣ гардида, ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба ин жанр дар заминаи мактаби суннатии "устод-шогирд" дар мактабҳои мусиқӣ ва санъат, инчунин дар назди ансамбли "Фалак" дастаҳои ҳаваскорон тарбия карда мешаванд.

Дар рушди Фалак ва инкишофи фалаксароӣ чеҳраҳои шинохтаи Хатлонзамин чун Сайидалӣ Вализода, Ҳошими Қосим, Махсуми Шакур, Бобохалил, Карими Шиш, Одина Ҳошим, Ҳабибуло Беков, Ҳотам Юнус, Ҷиён Қадам, Маҳмадалӣ Увалов ва дигарон саҳми арзишманд гузошта, ҳар яки онҳо мактаби махсуси худро доро буданд.

Дар шароити имрӯза пайравони ин мактаби бузурги фалаксароӣ Давлатманди Хол, Гулчеҳра Содиқова, Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов, Носир Сафаров, Маҳмадалӣ Аюбӣ, Абдулхайр Ҳошимов, Сафар Муродов, Шодмон Одинаев, Муродмад Раҳимов, Сафар Қодиров, Кибирё Раҷабова, Усмони Ҳайдар, Саиҷамол Шоимов ва дигарон,  бо ҳунари хеш дар рушду такомули жанри фалак саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Фалак аз қалби кӯҳҳои осмонбус, чашмаҳои обҳои зуллол, табибати афсонавии Халонзамин авҷ гирифта, имрӯз дар хориҷи кишвар муаррифӣ гардидааст, ки сарчашмаи ин ҳама пешравиҳоро аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат метавон маънидод намуд.

Дар ин рӯзи пурифтихор итминонам комил аст, ки фалак чун рукни таърихи миллат аз насл ба насл гузашта, фасеҳтару қавитар мегардад ва чун арзиши миллӣ умри ҷовидона хоҳад ёфт.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҷашни Рӯзи Фалакро ба ҳамаи ихлосмандону шунавандагони асили ин навъи мусиқӣ ва кулли мардуми вилояти Хатлон табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтию шодкомӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода