Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати фарорасии Соли нави 2021

Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз

ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати фарорасии Соли нави 2021

Ҳамдиёрони арҷманд!

Фаро расидани Соли нави мелодии 2021-ро ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона шодбош гуфта, барояшон саодати рӯзгор, умри бобаракат, сиҳатмандии комил ва барои ватани маҳбубамон рушду нумӯи беш аз пеш, пояндагиву шукуфоии ҷовидонаро орзумандам.

Соли 2020, сарфи назар аз таъсири чашмраси пандемия ба вазъи иқтисодию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, барои Тоҷикистони азизи мо соли пешравиҳо дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ, соли амалӣ шудани умеду орзуҳои неку созанда маҳсуб мегардад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сипаришаванда дар саросари кишварамон соли татбиқи иқдому ташаббусҳои наҷиби ватандӯстона, соли равнақи бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ, соли вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардуми мо буд ва сарзамини мо нисбат ба солҳои пешин боз ҳам ободтар, зиндагии мардумамон хеле беҳтару осуда гардид.

Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Хатлонзамин бо кору  фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд.

Бо вуҷуди хуруҷи бемории ҳамагир дар ҷаҳон, дар маҷмӯъ, рушди иқтисодии вилоятамон таъмин гардид. Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 нақшаи андоз ба қадри 102,2 фоиз иҷро шуд. Ба буҷети вилоят 1 миллиарду 132,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 24,7 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 6,1 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ расид. Ҳамзамон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ба 276,4 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла воридот 147,5 миллион доллар ва содирот ба 128,9 миллион доллар баробар шуд. Илова бар ин, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 15,7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш 8,8 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят бошад, ба 7 миллиарду 927,8 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2019-ум 237,3 миллион сомонӣ бештар аст.

Сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат, ки давоми соли 2020 ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон анҷом дода шуд, барои тамоми мардуми водии зархези вилоят басо хотирмону фараҳафзо буд. Бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар соли сипаришаванда бунёди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардида, даҳҳо муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва фарҳангиву варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатию истеҳсолӣ на танҳо заминаи устуворе барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат фароҳам омад, балки ҳазорон нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Танҳо дар 11 моҳи соли 2020 дар ҳудуди вилояти Хатлон 88 корхонаю коргоҳи саноатию истеҳсолӣ бунёд ёфта, наздик ба 900 нафар дар онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, аз фардои ободу осудаи давлати озоду соҳибихтиёрамон ва мардуми фарҳангиву ободгарамон шаҳодат медиҳанд.

Баргузории маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, интихоботи Президент ва маросими савгандёдкунии Роҳбари давлат аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихиву хотирмони соли 2020 ба ҳисоб меравад. Сокинони вилояти Хатлон бо иштироки фаъолонаи худ дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ояндаи дурахшону босаодати худро муайян намуданд.

Пирӯзии мутлақу бесобиқаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон далели возеҳи маҳбубияти беканори Пешвои миллатамон дар миёни мардуми Тоҷикистон буда, гувоҳи он аст, ки тоҷикистониён сиёсати созандаву бунёдгаронаи Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва бо Пешвои миллати худ ифтихорманданд.

Соли 2021 мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хоҳанд кард. Ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корҳои ободонию бунёдкорӣ бо ҷӯшу хурӯш ҷараён доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар вилоятамон дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди беш аз 7,7 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ гардида, то имрӯз қариб 6 ҳазор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаву симои шаҳраку деҳотамон ба куллӣ тағъйир ёфтааст. 

Эътимоди комил дорам, ки дар Соли нави 2021 низ ба хотири татбиқи барномаҳои стратегии миллиамон ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, кору фаъолияти ҳаррӯза ва азму талоши ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвари вилояти Хатлон ба номи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатамон, ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон ва бунёдкориву созандагии ватани азизамон анҷом мепазирад. Мардуми сарбаланди хатлонӣ, чун тамоми тоҷикистониҳо, зери ливои ваҳдати миллӣ ва дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат заҳмату кӯшиши ободгаронаи худро барои боз ҳам афзун гардонидани иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон дучанд хоҳанд кард.

Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми сокинони вилояти Хатлон ва Тоҷикистони азизро ба муносибати фарорасии Соли нави 2021 таб-рику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, зиндагии хушу осуда, хушбахтӣ ва ба диёри арҷмандамон шукуфоиву пешрафтро таманно дорам.

Хоҳони онам, ки Соли нави 2021-Соли нави мелодӣ барои мардуми Тоҷикистон соли сулҳу амонӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои тоза гардад.

Соли наватон муборак бод!

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода