Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҚДИМИ ПЛАНШЕТУ ҲАДЯҲОИ ДИГАР БА ФАРЗАНДОНИ ОИЛАИ ҲАКИМОВҲО


ТАҚДИМИ ПЛАНШЕТУ ҲАДЯҲОИ ДИГАР БА ФАРЗАНДОНИ ОИЛАИ ҲАКИМОВҲО


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 30 декабри соли 2020 бо мақсади аёдати оилаи Ҳакимовҳо, ки имконияти ҷисмонии падар ва фарзандони оила маҳдуд мебошад, ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар кард.

Оилаи Ҳакимовҳо дар деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ, дар хонаи иборат аз се ҳуҷра зиндагӣ менамоянд. Сардори оила Орзу Ҳакимов 40 сол ва ҳамсараш Умеда Шомаҳмудова 35 сол дорад. Фарзанди калонии оила Рамазон 17-сола ва хурдиаш Моҳшариф яксолаанд. Аъзои оилаи мазкур, ба истиснои модари фарзандон Умеда Шомаҳмудова, ҳамагӣ қади паст доранд. Писарашон Рамазон Ҳакимов бошад, маъ-юб буда, бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳамаи 6 фарзанди ин оила сарулибоси гарми зимистона ва шириниҳои солинавӣ тақдим намуданд. Инчунин, ба хонавода дар баробари кумаки пулӣ, маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду биринҷ, равған, картошкаю пиёз ва ғайра дастрас карда шуд.

Умеда Шомаҳмудова – модари ин хонадон миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста барои дастгирии оилаҳои камбизоату маъюбон иқдомҳои хайрхоҳона анҷом медиҳанд, изҳор намуд. У. Шомаҳмудова дар бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фурӯши либосворӣ машғул буда, чор нафар фарзандонашон дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №2 таҳсил менамоянд.

Ин оила дар қайди шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия буда, мунтазам ба онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони саховатпешаи Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард” кумак расонида мешавад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо фарзандони хонавода Сабрина, Сарвиноз ва Нозанин ба дониши онҳо баҳои баланд дода, онҳоро ба таҳсили хуб, мутолиаи китобҳо ва омӯзиши ҳунарҳо ташвиқ намуданд.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва давлат барои таъмини шароити мусоид ва арзандаи зисти ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, махсусан маъюбону дардмандон ҳамаҷониба тадбирандешӣ мекунад, - қайд намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Дар асоси дархости фарзандони ин оила, бо дастури раиси вилоят худи ҳамин рӯз барои Рамазону Нозанин катҳои хоб, барои Сабрина ҷевони либос ва барои Шук-ронаю Сарвиноз планшетҳо тақдим карда шуд.

Падари хонадон Орзу Ҳакимов, ки аз шодии беинтиҳои фарзандонаш рӯҳбаланд гардид, қайд кард, ки ҷиҳози ҳадяшуда боиси беҳтар шудани шароити зист ва донишандӯзии фарзандонаш мегардад. Бинобар ин, ӯ ба роҳбарияти давлату ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ғамхорӣ арзи сипос намуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода