Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Заводи химиявии Ёвон барои эҳёи он маблағ ва ташаббус лозим


Заводи химиявии Ёвон барои эҳёи он маблағ ва ташаббус лозим



Солҳои 60-уми асри гузашта гурӯҳи калони олимон, хокшиносон барои омӯхтани релефи Ёвон, ки мақсад сохтмони заводи электрохимиявӣ буд, аз шаҳри Москва омада буданд. Мутахассисон хусусиятҳои ҷоеро, ки заводи азими химиявӣ сохта мешуд, ҳаматарафа омӯхта, таркиби хокро дар озмоишгоҳҳои СССР санҷиданд ва баъди розигии Комитети марказии КПСС, Госплани СССР, ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҷумҳурӣ 13 июли соли 1965 дар бораи сохтани заводи электрохимиявӣ қарор қабул намуданд.

Корҳои сохтмонӣ шурӯъ шуд ва аввал иншоотҳои зарурӣ, ба монанди автобаза, заводи таъмири механикӣ, омӯзишгоҳ барои 600 хонанда, стансияи электрӣ - олавӣ, комбинати оҳану бетонӣ сохтаанд. Зеро бе ин иншоотҳо завод фаъолият карда наметавонист. Дар моҳи июли соли 1971 оғози кори сохтмони завод шурӯъ шуд. Ҳамвор кардану кандани таҳкурсии корпусҳои 102 ва 314, ки асосан дар ин ҷо гипохлориди калсий истеҳсол мегардид, аз тарафи сохтмончиён оғоз ёфт.

28 октябри соли 1978 маҳсулоти аввалин – шираи оҳак ва моҳи октябри соли 1981 истеҳсолоти хладон ба кор даромад. Худи ҳамон сол 15 тонна маҳсулоти аълосифати хладон пешкаши заводҳои хоҷагии халқи мамлакат карда шуд.

Дар солҳои минбаъда истеҳсолоти заводи электрохимиявӣ доман васеъ намуд. Саноати мамлакат маҳсулоти гуногун: - намак, карбид, оҳаки шукуфта, гипохлориди калсий ва натрий, хлори моеъ, белизна, оҳаки хлордор мегирифт. Маҳсулоти заводи электрохимиявиро асосан ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Россия интиқол медоданд. Зиёда аз 150 муассисаи гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ба заводи химиявии Ёвон асбоби техникии зарурӣ мефиристоданд.

Дар як муддати кӯтоҳ 4 истеҳсолоти калон, як завод, 23 сехи гуногун, участкаҳои ёрирасон сохта ба истифода супорида шуданд. Роҳи оҳани Тирмиз – Қӯрғонтеппа – Ёвон, ки сохтмонаш соли 1975 ба анҷом расид, барои кашондани маҳсулоти тайёри завод пешбинӣ шуда буд. Бо роҳи оҳан маҳсулоти тайёр ба шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки заводи химиявӣ доштанд, бурда мешуданд. Дар соли 1988 сехи хлори моеъ 32 ҳазору 117 тонна, сехи содаи каустикӣ соли 1987-ум 70 ҳазору 22 тонна маҳсулоти арзишманд истеҳсол намуданд, ки онҳоро дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар истеҳсолот истифода мебурданд. Сехҳои гипохлориди калсий ва натрий, оҳаки хлордор, хлориди калсий низ маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро пешкаши хоҷагии халқи серсоҳаи Иттиҳоди Шӯравӣ намуданд.

Ёвон бо заводи электрохимиявӣ шуҳрат ёфт. Он ба саноати давлати Шӯравӣҳазорҳо тонна маҳсулоти химиявӣ медод. Маркази ноҳия ободу зебо мегардид.

Дар сохтан ва ба истифода додани заводи химиявӣ зиёда аз 40 миллату халқияти Иттиҳоди Шӯравӣ паҳлуи ҳам меҳнат карданд. Дар сеху истеҳсоли заводи химиявӣ 5 ҳазор мутахассисони инженер – техникӣ, коргарон фаъолият доштанд. Ба нақша гирифта шуд, ки ҳар сол бояд 25 ҳазор метри квадратӣ биноҳои истиқоматӣ сохта шавад ва аз рӯи нақша дар маркази ноҳия 100 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекарданд.

Вале нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба пешрафту инкишофи минбаъ даи завод ва фаъолияти синфи коргари пешқадам зиёни калон расонид. Пеш аз ҳама, мутахассисони русзабон аз Тоҷикистон кӯч бастанд, баъдтар синфи коргари ташаккулёфтаи таҳҷоӣ ба хориҷи  кишвар, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба истеҳсолоту инкишофи заводи электрохимиявӣ ва заводҳои таъмири механикӣ, заводи оҳак, комбинати хонасозӣ ва дигар инфраструктураи ноҳия зарари зиёд расонид. Ин корхонаҳоро баъдтар шахсони алоҳида хусусӣ карданд, вале ба андозае, ки онҳо дар давраи Шӯравӣ ба хоҷагии халқ маҳсулот медоданд, натавонистанд корхонаҳоро фаъол намоянд. Баъди рафтани мутахассисон, дар завод қариб 100 нафар коргар ва кормандони инженер - техникӣ монданд ва онҳо низ ба техникае, ки дар сехҳо ҳастанд, гӯё посбонанд.

Завод ҳоло дар ҳолати ногувор қарор дорад. Аз зиёд бекор истодан хавфи занг задану аз кор баромадани дастгоҳҳо ба назар мерасад. Хуб мешуд, агар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ барои ба кор андохтани баъзе сехҳо як барномаи мукаммал тартиб медод ва заводи азим аз гирдоби вайроншавию аз байн рафтан мераҳид. 

Барои барқарор намудани баъзе сехҳои завод, ки маҳсулоташ барои истеҳсолоти хоҷагии халқ зарур аст, дастандаркорон агар маблағ меёфтанд, ба фоидаи кор мебуд. Соҳибкорони хориҷиро низ даъват намудан аз манфиат холӣ нест.

Зайнулобиддин Ҳусейнов ,
махсус барои «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода