Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ


МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ


Дар толори хурди маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 30-юми декабри соли 2020 мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо собиқадорони ҷангу меҳнат, ташкилотҳои ибтидоии кор бо собиқадорони меҳнат, сипарони ватан, раисони Шӯроҳои собиқадорон ва дигар фаъолони таҷрибадори соҳаҳои гуногун баргузор гардид. Ҳадафи баргузории вохӯрӣ баррасии натиҷаи фаъолияти Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру навоҳии вилоят ва вазифагузорӣ барои соли 2021 мебошад. 

Нахуст, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба нақши собиқадорони соҳа дар тарбияи ватандӯстию хештаншиносии насли наврас, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат табодули афкор намуд. Изҳор гардид, ки ҳаёти ҳаррӯза ва фаъолияти пурмуҳтавои собиқадорони ҷангу меҳнат барои дигарон мактаби бузурге мебошад, ки дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва ташкили зиндагии шоиста бо хубӣ метавон аз он истифода кард. 

Сипас, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар Саидқул Шомалангов дар хусуси фаъолияти Шӯро ҳисобот дода, афзуд, ки мувофиқ ба реҷаи корӣ рӯзҳои раисони Шӯроҳои шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар баргузор гардид. Инчунин, давоми соли ҷорӣ зиёда аз 27 ҳазор сомонӣ дар табобати ройгони собиқадорон кумак расонида шудааст. Дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондани соатҳои тарбиявӣ бо иштироки собиқадорон ба нақша гирифта шудааст, ки давоми соли 2021 дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маориф ташкил карда мешаванд. 

Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Исроил Иброҳим аз фаъолияти корӣ ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олию миёна конференсияҳои илмӣ – назариявӣ бо иштироки собиқадорони баргузор гардиданд. Ҳамзамон кумакҳои моддӣ ба ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Ҳамадонӣ ва чанде аз шаҳру навоҳии дигари минтақа ба собиқадорон расонида шудааст. Барои расонидани хизмати тиббӣ ба собиқадорон зиёда аз 47 ҳазор кат ва 37 табибу зиёда аз 100 ҳамшираи тиббӣ вазифадор карда шудаанд. Илова бар ин, беш аз 1 млн 750 ҳазор сомонӣ дар арафаи иду айём ба меҳтарони ҷангу меҳнат кумакҳои пулию молӣ расонида шудааст. 

Раиси вилоят дастур дод, ки ҳаёт ва таҷрифаи кории собиқадорон тариқи расонаҳои хабарӣ ҳамчун намуна инъикос карда шаванд. Инчунин, оид ба саҳми собиқадорон дар баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ва дар омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки аз ҷониби собиқадорони меҳнат дар саросари вилоят, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Бохтар, Кӯшониён ва чанде дигарон сохтмони муассисаҳои таълимию тиббӣ ва хизматрасонӣ бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ ба мушоҳида мерасад.      

Дар қисмати дигари мулоқот собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияҳои Панҷ, Темурмалик, Кӯлоб ва чанде дигарон суханронӣ карда, бо шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии меҳан барои ғамхориҳои беандозаи Роҳбари олии кишвар изҳори миннатдорӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ҳамаи собиқадорони вилояти Хатлон сайъ мекунанд, ки дар баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ва таърихӣ, тарбияи хештаншиносию ватандӯстии насли нав-рас саҳмгузор бошанд. 

Дар қисмати охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз таъкид ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 15-уми декабри соли 2020 дар қасамёдкунии аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд, ёдовар гардид. 

С. АЗИЗОВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода