Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ

Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ

Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва доираи васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ дар назди майдони Парчами давлатӣ, театри ба номи Атто Муҳаммадҷонов ва осорхонаи «Бибихонум» дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд.

Тавре ки мутахассиси соҳа иброз намуд, аз обу ҳавои мусоид истифода, бурда тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ба ҳашари умумӣ баромада, зиёда аз 500 бех дарахтони ҳамешасабз ва инчунин, гулу гулбуттаҳо баҳри ободу зебо гардонидани шаҳри Бохтар шинониданд.

Ҳамзамон, худи ҳамон рӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати шаҳраки «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшо-ниён ба ниҳолшинонӣ оғоз намуданд.

Ба ин мақсад тамоми мардум ба ҳашар баромада, беш аз 1000 бех дарахтони ҳамешасабз шинониданд, байни қаторҳои дарахтон бо техникаҳо нарм карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли 2020 оид ба таъсиси Ситод ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, сабзгардонӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ин мавсим шинонидани 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин, кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар дош-та шудааст. Инчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион лола, 710 ҳазор гули садбарг, 6,6 миллион гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода