Дар як сатр
МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД
10:4911 январ

МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

10 январи соли равон дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2017 бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир Зоир доир гардид. Дар ҷамъомад муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, молия, раисони ҷамоатҳо, фаъолон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд. 

ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017, шаҳри Душанбе
17:2522 декабр

ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017, шаҳри Душанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави "ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гўшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқдомҳои неки Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»
17:0016 ноябр

Д. Гулмаҳмадзода: «Тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба иқдомҳои неки Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»

Ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа ҳамоиши мутантане бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барпо гардид.

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»
16:5116 ноябр

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мардум ба фардо умед надоштанд»

Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа чорабинӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Қўрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI, собиқадорони меҳнат ва фаъолони шаҳри Қўрғонтеппа, сокинон ва меҳмонони шаҳр иштирок доштанд.