Дар як сатр
Рӯ ба рӯ бо мардум
15:5806 сентябр

Рӯ ба рӯ бо мардум

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қабули шаҳрвандон ва вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияро гузаронид.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»
11:2527 апрел

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи қабули шаҳрвандон ва шунидани арзу шикоят, пешниҳодоти онҳо аз тарафи роҳбарони вилояту ноҳия дар сатҳи баланд қарор дошта, шаҳрвандон аз чунин ранг гирифтани кор қаноатманданд.

Дар оброҳа оқилон манзил намесозанд
11:4314 феврал

Дар оброҳа оқилон манзил намесозанд

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб бехатарии мардумро дар мавзеъҳое ба дӯш дорад, ки релефи он бисёр мураккаб буда, обхезиҳои дарёи Панҷ, Сурхобу Оқсу, сойи Тебалай, ярчравии кӯҳу кӯҳпора аз барфу боронҳои баҳорӣ кормандони ин ниҳодро муваззаф менамояд, ки ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Сардори ситоди мазкур полковник Назаров дар ахбороташон ба намояндагони ВАО қайд намуд: «Бо вуҷуди гаронии вазифаҳои дарпешистода мо омодаем, ки мардумро дар ҳама гуна шароиту вазъият аз ҳолатҳои фалокатбор наҷот бидиҳем. Айни замон, дар минтақа зиёда аз 208 мавзеъҳои хатарнок мавҷуданд,ки дар бештари ин нукот аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Ва шумораи мавзеъҳои садамабор дар афзоишанд.

Темурмалик корхонаи пашму пӯст месозад
10:5309 феврал

Темурмалик корхонаи пашму пӯст месозад

Ноҳияи Темурмалик бо чорводорӣ ва ғаллакориаш номдор аст. Айни замон як хоҷагии калони тухмипарварӣ, 244 хоҷагиҳои самти фаълияташон чорводорӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар ноҳия 31758 сар гов, 960265 сар човои майда, 42651 сар паранда, 3691 сар асп парвариш меёбад.

Бозгашт ба маҳбас
09:4614 декабр

Бозгашт ба маҳбас

Оиларо ҷойи муқаддас мешуморему баъзан вақт аз ин неъмат ношукрӣ мекунем. Оиларо макони пок меҳисобему баъзан бо рафтори ношоиста онро нопоку вайрон месозем. Аз рашкҳои беасос ин иттиҳоду сарҷамъиро парешон мекунем. Гуноҳи худро пинҳон мекунему ҳамсари бехабар аз нағмаҳои хешро гунаҳкор месозему зери шиканҷа қарор медиҳем. Аммо фаромӯш мекунем, ки ин ҳама беадолатиҳоямон рӯзе рӯйи об мебароянд. То ба муҳим будани оила сарфаҳм меравем, ки аллакай дер мешавад. Сабаби пушти панҷараи маҳбас рафтани «қаҳрамон»-и матлаби мо маҳз рашки беасос ба ҳамсар ва хушунати равонӣ нисбати ӯ мебошад, ки бо марганҷом ёфтааст…

Муъминобод барои  парвариши картошка мусоид аст
14:0309 ноябр

Муъминобод барои парвариши картошка мусоид аст

Шанбеи ҳафтаи гузашта бо ташаббуси муовини аввали раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои кишоварзӣ Карим Ҳакимзода дар ноҳияи Муъминобод семинар-машварат оид ба картошкапарварӣ баргузор гардид.

Умре дар хизмати мардум буд
06:3329 январ

Умре дар хизмати мардум буд

Мурод Сафаров ҳаёти хешро ба хизмати халқу Ватан бахшида, дар рушди фарҳанг, маънавиёти мардуми кӯҳистон, худшиносии миллӣ ва бунёди хоҷагидории ҷангали қисми ҷанубии мамлакат саҳми бориз дошт.