Дар як сатр
Дар гулшани зиндагӣ номи ту накуст…
10:0407 июн

Дар гулшани зиндагӣ номи ту накуст…

Солиёни дароз сокинони деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашиданд. Мардуми ин русто дар заминҳои наздиҳавлигии худ аз нарасидани об ҳеҷ чиз намекориданд. Ҳатто дар заминҳои корами худ дар як сол як маротиба кишт мекарданду бо умеди боридани борони баҳорӣ мешуданд.

Духтарони фаъоли ояндасоз
14:4901 июн

Духтарони фаъоли ояндасоз

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Мизи мудаввари иштирокчиёни курси омӯзишии «Духтарони фаъоли ояндасоз» дар доираи Лоиҳаи «Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ» ба ташкилоту муассисаҳое, ки роҳбариашонро занон ба уҳда доранд, баргузор гардид.

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»
16:5611 май

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»

Рӯзи «Шашмақом» дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ва алоқомандони ин шоҳасари мусиқӣ таҷлил карда шуд.

«Хомаи созанда»
17:0005 май

«Хомаи созанда»

Бо чунин ном маҷмӯаи мақолаҳои донишҷӯёни соли 4-уми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав рӯйи чоп омад. Ин иқдоми камназир ба муносибати Соли ҷавонон ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии озодии матбуот амалӣ гардид.

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила
09:5302 май

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи «Пешгирии зӯр-оварии хонаводагӣ» (PDV) дар шаҳри Қӯрғонтеппа семинари омӯзишӣ оид ба мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила-муттаҳид намудан, саъю кӯшиш дар пешравии ин падида ва хизматрасонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила гузаронида шуд.

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист
10:3826 апрел

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Дартолори Кохифарҳанги Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа баноми Носири Хусрав чорабинии маърифатӣ дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшудаи экстремистию террористӣ ва огоҳсозии онҳо аз хатарҳои ин зуҳурот” баргузор гардид. Мақсади ин ҳамоиш ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват намудани ҷавонон, таблиғи арзишҳои миллию давлатдорӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани онҳо, ташвиқи ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ва шарҳу тафсири пайомадҳои ногувори гаравиш ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ арзёбӣ гардид.

Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд
09:0120 апрел

Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд

Бо тавсияи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба тамошои театр рафтанд. Ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоишномаро аз рӯйи асари драманависи рус А. Н. Островский «Духтари бебисот» пешниҳоди онҳо намуданд.

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»
16:0013 апрел

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинон бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Қубодиён барномаҳои фарҳангиву иттилоотии «Корвони маърифат» гузаронида шуд.

Дуои неки се момои табаррук (аксу видео)
15:5106 март

Дуои неки се момои табаррук (аксу видео)

Қаҳрамонони мо – момоҳои табаррук Зувайдахон, Ҳоҷар ва Сафарой ба бузургсолии худ нигоҳ накарда, хотираи қавӣ, пойи равон ва забонигӯё доранд. Бурро-бурро ҳарф мезананду шукронаи обу ободӣ ва сулҳу ваҳдат мекунанд. Ҳарзамон даст ба рӯ бурда, дуои нек медиҳанд: «Илоҳо, Тоҷикистони азизамон ободу тинҷуосуда бошад, Худованд Сарвари хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ба фарзандону набераҳо умри бобаракат диҳад. Омин!».

Насимҷон РАҶАБОВ: «Ҳамкориро бо аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ пурзӯр бояд кард»
15:3301 март

Насимҷон РАҶАБОВ: «Ҳамкориро бо аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ пурзӯр бояд кард»

Масъулони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа семинари машваратӣ дар мавзӯи «Мубориза бар зидди маводи нашъадор аз сарҳади давлатӣ оғоз мешавад» баргузор намуданд.

Навиштаҷоти ғалат кай ислоҳ мегардад?
17:1322 феврал

Навиштаҷоти ғалат кай ислоҳ мегардад?

Сарфи назар аз таъкидҳои Пешвои миллат дар мавриди посдорӣ ва ҳифзи асолати забон, ҳамоно чунин ба назар мерасад, ки баъзе масъулон ва соҳибони забон одитарин меъёрҳои забони адабии тоҷикиро нодида мегиранд. Як далели равшани ин иддао навиштаҷоти пурғалати коғазҳои рӯйи зарфи обҳои газдори нӯшокӣ ва яхмосҳоест, ки аз ҷониби баъзе корхонаҳо ва сехҳои истеҳсолкунандаи чунин маҳсулот истеҳсол мешаванд. Бо вуҷуди он ки соҳибони ин навъи тиҷорат аз он ғалатҳои забонӣ хабардоранд, дар ислоҳи онҳо бепарвоӣ нишон медиҳанд.

Ёде аз ҷавониҳои Лоиқ
08:4715 феврал

Ёде аз ҷавониҳои Лоиқ

16 сол қабл, шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ бо олами ҳастӣ ва хешу ақрабо, мухлиси бешумору хонандаҳо, табиати хушбоду ҳавои кишвари азизамон падруд гуфт, аммо то ба ҳол дӯстдорони шеъру сухан ӯро дар қалбҳои хеш зинда нигоҳ медоранд. Бояд гуфт, ки муштариён ва ҳаводорони ин нобиғаи давр аз зиндагинома, одамият, осори гаронарзиш, шеъру ғазалиёт ва рубоиёти дилнишини ӯ огоҳӣ доранду ҳамеша шеъри нотакрору дилписандашро вирди забон меоранд. Вале аз айёми ҷавонию донишҷӯии Лоиқ кам гуфтаанд. Шояд хонандагон ҳам кам чизе аз он донанд. Ҳоло, ки дар соли таҷлил аз 75-умин солгарди устоди зиндаёд Лоиқ қарор дорем, хостем бо ду ҳамсабақи донишгоҳии ӯ, ки имрӯз дар Қӯрғонтеппа яке омӯзгори номдор, дуюмин нависанда аст, оид ба даврони ҷавонии Лоиқ суҳбат ороем.

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад
09:1506 феврал

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Ӯ ҳамеша мекӯшад, ки ба эътимод ва таваҷҷуҳи шогирдони худ сазовор шавад, зеро дуруст медонад, ки агар тарбиятгар ба ин мақсад бирасад, ба ҳама комёбиҳо ноил хоҳад шуд. Ӯ таълиму тарбияи насли наврасро вазифаи худ медонад ва ин аст, ки беш аз нисфи умраш ба кори мактаб, пайи касби омӯзгорӣ сипарӣ шудааст. 26 сол боз ин омӯзгори асил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Тӯли ин солҳо Ҷамила Санавбарова пайваста дар соҳибилм шудани насли наврас кӯшиш ба харҷ медиҳад, то насли шоистаи даврон, насли донишманду ватандор, насли ояндасози тоҷикро ба воя расонад.

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»
10:4904 феврал

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон шуд. Ба ин муносибат идораи рӯзномаи «Хатлон» бо Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, суҳбате орост.

Куллиёти Бедил 20 сол дар дасти кӣ буд?
09:2231 январ

Куллиёти Бедил 20 сол дар дасти кӣ буд?

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 400 китоби гаронарзиши С. Сатторзодаро аз хонааш рабуданд. Бо гузашти беш аз 20 сол аз вуқӯи он ҳодиса ду адади онро ба таври ғайриинтизор бозпас оварданд ва ба худи ӯ… фурӯхтанд.