Дар як сатр
Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон
13:4623 сентябр

Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

19 сентябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтепа нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатӣ ва ғизоии Эрон ба кори худ оғоз намуд.

Идомаи талошҳо барои дубора ба кор андохтани «ТоҷикАзот»
17:3027 август

Идомаи талошҳо барои дубора ба кор андохтани «ТоҷикАзот»

- Мақсаду мароми мо кӯмак намудан ба кишоварзони Тоҷикистон аст, - афзуд Сун Вэй. - Дар ҳолати ба мувофиқа расидан, мо метавонем дар давоми як сол маҳсулоти кимиёвиро, аз қабили нуриҳои минералӣ, ки барои рушди хоҷагии қишлоқ зарур аст, истеҳсол намоем.
Гуфта мешавад, ки дар сурати ба кор шурӯъ кардани ин корхонаи бузурги саноатӣ беш аз ҳазор нафар бо кор таъмин мегардад.

Шӯрообод. Бозсозии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 3 миллион сомонӣ
16:4727 август

Шӯрообод. Бозсозии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 3 миллион сомонӣ

Раиси вилоят дар ин нишаст зикр кард, ки дар ноҳияи Шӯрообод барои рушд ва парвариши меваю сабзавот ва боғот имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. «Танҳо бо меҳнати дастаҷамъона, бо маслиҳати мутахассисони варзида, деҳқонони бонангу номуси Ватан, метавонем ба иҷрои нақшаҳои дар пешгузошта муваффақ шавем», - зикр кард Д. Гулмаҳмадзода.

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем
14:2627 август

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Дар ҷараёни суҳбат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр намуд, ки барои афзудани шумораи ҷойҳои корӣ, фарогирии аҳолӣ ба касбҳои гуногун дар бахши саноати сабук, корхонаҳои саноатӣ, Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ», бунёди корхонаҳои хурд, хушконидани мева ва банду басти он, нақлиёт, роҳсозӣ, хизмати коммуналӣ, бунёди неругоҳҳои хурду бузург бо шарикони ҳамкории рушд, бахусус бо Бонки Осиёии Рушд равобити хуби иқтисодиро ба роҳ мондан ба манфиати кор аст.

Таъсиси беш аз 34 ҳазор ҷойи нави кор дар Хатлон
08:0720 июл

Таъсиси беш аз 34 ҳазор ҷойи нави кор дар Хатлон

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 34 ҳазору 192 ҷойи нав ва барқароршудаи корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6603 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав
18:5515 июл

Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нимаи аввали соли ҷорӣ бо сарфи 4,6 миллион сомонӣ 7 иншоот бунёд гардида, дар 167 иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва бахшҳои маорифу тандурустӣ корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд.

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд
16:1003 июл

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Имрӯз, 3 июл, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоии бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа дидан кард.

«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?
10:2903 июл

«Рақс»-и доллару рубл. Кӣ зарар мебинад?

Ба назар мерасад, ки гӯё вақтҳои охир аҳли ҷомеаи кишвар ба баъзе мушкилоти молиявӣ дучор шудаанд, ки сабабаш баланду паст шудани қурби доллари ИМА ва рубли Русӣ дар баробари пули миллии мо - сомонист. Ва ин бори гарон, албатта, аз ҳама бештар барои мардуми одӣ тоқатфарсост. Биноан, бо мақсади фаҳмидани он, ки ноҷӯрии болозикр ба буҷети оилавии сокинон чӣ таъсире гузошт, бо чанд шахс ҳамсуҳбат гардидем.

Ифшои 116 қонуншиканӣ дар самти шуғли ғайрирасмӣ
17:5801 июл

Ифшои 116 қонуншиканӣ дар самти шуғли ғайрирасмӣ

- Истифодаи меҳнати ноболиғон низ имрӯз проблемаи ҷиддӣ ба шумор рафта, ноболиғон дар шаҳрҳои Кӯлоб ва ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Хуросон, Ҷ. Румӣ, Ҷиликӯл, Вахш, Қумсангир дар бозорҳои марказӣ ва нуқтаҳои савдо, дар давраи таътили тобистона ғайриқонунӣ ба корҳои тиҷорат, кишоварзӣ, шустушӯи мошинҳо, фурӯши борхалтаҳои селофанӣ ва ғайра ҷалб карда шудаанд, - зикр кард Қ. Маматоиров.

Умеде барои дубора фаъол шудани «ТоҷикАзот»
12:0618 июн

Умеде барои дубора фаъол шудани «ТоҷикАзот»

Яке аз ҳадафҳои аслии сафари ҳайати намояндагони чинӣ баррасии имконот ҷиҳати эҳё ва корандозии корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ - «ТоҷикАзот» будааст. Онҳо ният доранд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ аз вилояти Хатлон ин корхонаро дубора фаъол намоянд.

Волии Ҳамадон меояд
14:3412 июн

Волии Ҳамадон меояд

Қарор аст, ки рӯзҳои наздик волии музофоти Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон сафар кунад.

Дидори раиси вилоят бо ҳайати хитоӣ
07:1010 июн

Дидори раиси вилоят бо ҳайати хитоӣ

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа мудири канселярия оид ба корҳои хориҷии музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Чжан Баовэн ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Содирот афзун ва воридот кам шудааст
13:2426 май

Содирот афзун ва воридот кам шудааст

Ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз кишвари мо ба хориҷа дар моҳҳои январ-апрели соли равон ба андозаи 3,5% афзуда, ба 289 миллион доллари амрикоӣ расидааст.